
Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ мулоқоти раиси ноҳияи Айнӣ муҳтарам Равшан Раҳимзода бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Умед, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз Маҷидзода Парвиз ва ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Салоҳиддинзода Муҳаммад таҳти унвони «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулони бахшҳои идеологӣ, намояндагони шӯроҳои занон, фаъолони ҷомеа ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ба ҳамоиш ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, риояи принсипи баробарӣ ва пешгирии ҳама гуна шаклҳои табъиз яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт заминаҳои мустаҳками ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ фароҳам оварда шудаанд. Ӯ таъкид намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамеша барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Сипас Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Умед ва дигар намояндагони мақомоти Ваколатдор доир ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», роҳҳои амалисозии он, пешгирии ҳама гуна муносибатҳои табъизомез, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими волоияти қонун ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ маърӯза намуданд. Зикр гардид, ки сафари иттилоотӣ ва баргузории машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ дар доираи Барномаи амалии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2026 ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ҳадафи он тақвияти ҳамкориҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, қабули муроҷиатҳои шаҳрвандон, омӯзиши мушкилоти мавҷуда ва мусоидат ба ҳалли онҳо мебошад.
Ҳамзамон, дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби намояндагони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баргузор гардид. Зимни қабул сокинон бо масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои замин, дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат, тартиби ҷудо намудани кӯмакҳои молиявӣ барои харидории либоси мактабӣ, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва полезӣ, норасоии об дар маҳаллаҳои навбунёд, муайян намудани ҳудуди қитъаҳои истиқоматӣ, баҳсҳои вобаста ба роҳ ва дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ, таъмири масҷиди ҷомеъ, инчунин баҳсҳои тақсимоти молу мулк муроҷиат намуданд.
Намояндагони мақомоти Ваколатдор ҳар як муроҷиатро мавриди баррасӣ қарор дода, ба шаҳрвандон дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон машварат ва тавзеҳоти ҳуқуқӣ пешниҳод карданд. Зикр гардид, ки муроҷиатҳое, ки баррасии онҳо ба мақомоти дахлдори ҷумҳуриявӣ вобастагӣ доранд, таҳти назорат гирифта шуда, тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ дар муҳлатҳои пешбинишуда баррасӣ гардида, ба муроҷиаткунандагон ҷавобҳои расмӣ ирсол хоҳанд шуд.
Дар анҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки баргузории чунин мулоқотҳо ва қабулҳои сайёри шаҳрвандон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими фарҳанги эҳтиром ба қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеа аҳаммияти муҳим дошта, дар ҳалли саривақтии масъалаҳои шаҳрвандон мусоидат менамояд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше










