
Бахшида ба 147-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Айнӣ чорабинии идона доир гардид. Тантанаи доманфарохи фарҳангӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода ва кулли мардуми соҳибному фарҳангии ноҳияи овозадори Айнӣ дар назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар маркази ноҳия баргузор карда шуд.
Рӯзибой Раҳимзода зимни баромади худ аз паҳлӯҳои гуногуни зиндагӣ ва эҷодиёти устоди бузургвор ёдоварӣ кард ва нақши Қаҳрамони Тоҷикистон устод Айниро дар рушду инкишофи тамаддун, хосатан адабиёти муосири тоҷик ва муаррифии он ба ҷаҳониён, хеле муҳим арзёбӣ намуд.
Аз ҷумла қайд гардид, ки Айнӣ ба он маънӣ асосгузори адабиёти навини тоҷик дониста мешавад, ки пас аз Инқилоби октябр, баъди он ки давлати тоҷикон ба вуҷуд омад ва талошҳо барои омўхтан, ҳимояи таърихи мардуми тоҷик ба арсаи иҷтимоиёт баромаданд, барои онҳое, ки мавҷудияти халқи тоҷикро дар Осиёи Миёна инкор мекарданд, барои ба мардуми тоҷик фаҳмонидани таъриху зиндагӣ ва ҳастии худаш аз нафарони фаъол буд. Ин фаъолияти иҷтимоӣ устодро ба як шахсияти пешсафу пешрави адабӣ табдил дод. Муҳимтарин коре, ки устод Айнӣ карданд, ин бунёд гузоштан ба адабиёти нави воқеъгарои тоҷикӣ буд. Устод ин корро бо таълифи шеърҳо, асарҳои насрӣ, осори илмӣ, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, таълифи асарҳои таърихии калони худ анҷом дод.
Устод Айнӣ тимсоли зиёии пешқадаме мебошад, ки тамоми умр фаъолияти серҷабҳаашро сарфи хизмат ба миллати хеш кардааст. Баробари таъсис ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ бо тамоми ҳастиаш ба он пайваст ва барои рушди забону адабиёт, илму маориф ва фарҳанги халқи тоҷик хизмати беназир кард.
Муборизаи ҷасурона ва фаъолияти хирадмандонаи фарҳангиву маънавӣ, идеявӣ, адабӣ ва сиёсиву иҷтимоии ӯ дар асл корномаи бузурги миллӣ ва саҳми шойиста дар таъмини истиқлоли Ватан дар оянда буд. Бо дарназардошти ҳамаи хизматҳои бузург бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 8 сентябри соли 1997 ба устод Айнӣ Унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд.
Дар зимн, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия аз ашъори устод Айнӣ шеърҳо қироат намуда, ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия аз чакидаҳои хомаи ӯ суруду таронаҳо суруданд.





и ещё 10
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
1