Хабарҳои руз

ИҶЛОСИЯИ ДУЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ (ДАЪВАТИ ҲАФТУМ)

Санаи 17-уми июни соли 2025 дар толори калони маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати ҳафтум) бо иштироки Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода баргузор гардид.
Дар иҷлосия роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, сардорони Раёсат, шуъбаву бахшҳои зерсохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сардухтурони беморхонаҳои марказӣ ва минтақавӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, раисони хоҷагиҳои деҳконӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ ва интихоби котибот кори иҷлосия оғоз ёфт.
Дар кори иҷлосия масъалаҳои зерин:
1. Рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми декабри соли 2022, таҳти №629 дар бораи “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” дар ноҳия;
2. Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ;
3. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии “Ревад”, №2 Эсанов Афроз Исҳоқович дар бораи ваколати вакилиаш;
4. Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ, даъвати шашум аз 26-уми декабри соли 2024, таҳти №328 “Дар бораи қабули буҷети ноҳия барои соли 2025;
5. Дар бораи тасдиқи қарорҳои комиссияи номгузории назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия;
6. Дар бораи тағйир додани сарҳади Ҷамоати шаҳраки Зарафшон ва Ҷамоатҳои деҳоти Фондарёву Анзоб;
7. Дар бораи тағйиру иловаҳо ворид намудан ба нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вакилон мувофиқи масъалаҳои рӯзномаи Маҷлис қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Дар охир намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода баромад карда, доир ба масъалаҳои баррасишуда изҳори андеша намуд.
Худи ҳамин рӯз иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати ҳафтум) кори худро ба анҷом расонид.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 11
Back to top button