
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ як қатор иншооти таъиноташ гуногун сохта мешаванд.
Вобаста ба ин нимаи дуюми рӯзи 25-уми июни соли 2025 Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз рафти корҳои сохтмонии иншооти ба нақшагирифташуда дар Ҷамоатҳои деҳоти Дар – Дар ва Айнӣ боздид кард.
Бояд гуфт, ки мардуми заҳматнописанди ноҳия ба хотири бо дастовезҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни бошукуҳи миллӣ ҷидду ҷаҳд карда истодаанд. Дар ҳама иншооти сохташаванда корҳо бо як раванди муайян идома гирифта, сохтмончиён ният доранд дар муҳлати муайянгардида корҳоро ба анҷом расонанд.
Раиси ноҳия зимни суҳбат бо сохтмончиён таъкид намуд, ки дар интихоби масолеҳи сохтмонӣ ва сифати сохтмони иншоот аҳамияти ҷиддӣ дода, дар муҳлати муайяншуда иншоотро ба анҷом расонанд.





и ещё 14