Хабарҳои руз

ҲЕҶ КАС ВА ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД

Ёдоварӣ аз қаҳрамонон ва фидоикории онҳо, на танҳо боиси эҳсоси ифтихор мегардад, балки барои наслҳои оянда низ мояи ифтихори баланд ва сабақи муҳим мебошад.
Вобаста ба ин, дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода дар якҷоягӣ бо муовини раиси Шӯрои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мавҷуда Бобоева ва сардори ШКДАМ-и вилояти Суғд дар ноҳияи Айнӣ Азизҷон Ҳусейнзода ба дидорбинии оилаҳои қаҳрамонони дар роҳи ҳифзи Ватан ҷонбохта Аловиддин Мирзоев ва Хирадманд Усмонзода рафтанд. Зимни дидорбинӣ бо аҳли оилаҳои қаҳрамонон ҳайати намояндагӣ онҳоро бахшида ба фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муборакбод намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи ҳуҷуми аҳдшиканонаи қирғиз якчанд нафар ҳомиёни Ватан аз ноҳияи Айнӣ низ ҷон бохтанд. Равшан Раҳимзода зимни сӯҳбат бо оилаҳои қаҳрамонони фавтида гуфт, ки сарбозони тоҷик бо баҳои ҷони худ марзу буми Ватанро аз ҳуҷуми мусаллаҳонаву аҳдшиканона ҳимоят карда, бо азхудгузаштагӣ қаҳрамонӣ нишон доданд ва бешак онҳо қаҳрамонанд. Зеро, онҳо барои ғасб кардани замини бегона не, баҳри ҳимояи хоки Ватан ҷон бохтанд. Онҳо ҷон бохтанд, то мо дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ намоем. Ҳар гоҳ, ки мо дар бораи таърих ва қаҳрамониҳои гузаштагон фикр мекунем, эҳсос мекунем, ки масъулияти бузурге бар дӯши мо аст. Мо бояд ба ёд орем, ки ҷанг на танҳо майдони набард, балки майдони шукӯҳ ва фидоияти инсонӣ аст.
Гуфта шуд, ки хотираи неку дурахшон, кору пайкор ва руҳи беолоиши қаҳрамонон Аловиддин Мирзоев ва Хирадманд Усмонзода мисли миллионҳо фарзандони содиқу сарсупурдаи Ватан дар қалбу хотираҳои мо абадан боқӣ хоҳад монд. Зеро, ҳеҷ кас ва чиз фаромӯш намешавад!
Ёдрас мекунем, ки зери ҳидоятҳои башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷонфидоӣ ба Ватан дар арафаи 30 – солагии таъсисёбии Артиши миллӣ Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хирадмандро баъди маргаш бо ордени “Спитамен” дараҷаи 2 қадрдонӣ намуда буд.
Ҳамчунин, ба оилаҳои қаҳрамонон маводи хӯрока ва кумаки молиявӣ расонида шуд.
Оилаҳои аёдатшудагон аз таваҷҷуҳи пайваста ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки то ҷон дар рамақ доранд, баҳри тарбияву ба камолрасонии насли ҷасуру сарсупурдаи Ватан талош хоҳанд намуд.
и ещё 5

Leave a Reply

Back to top button