Хабарҳои руз

Идомаи ободкориҳо дар ноҳияи Айнӣ

Дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҳамарӯза раванди ободкориҳоро зери назорат мегирад.
Зимни боздид ҷиҳати вусъати корҳои ободониву бунёдкориҳо Равшан Раҳимзода барои шинонидани дарахтони сояафкан ва ороишӣ, гузаронидани корҳои сабзазоркунӣ, таъмир ва рангубори панҷараҳои атрофи биноҳо ва хонаҳои истиқоматӣ, барқарорсозии пояҳои равшанидиҳанда, сафолакпӯш намудани роҳравҳо ва дигар тадбирҳои барқарорсозӣ ба масъулини Раёсати кишоварзӣ, Идораи сохтмони асосӣ, Корхонаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, Бахшҳои меъморию шаҳрсозӣ ва Ҳифзи муҳити зист дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Таъкид гардид, ки дар заминаи супоришҳои Пешвои миллат бо мақсади боз ҳам ободу зеботар гардонидани ноҳия моро зарур аст, ки барои ҳалли тадбирҳои гуфташуда ҳарчӣ бештар ҷаҳду талош намуда, ноҳияамонро ба яке аз гӯшаҳои назаррабои Тоҷикистони азиз табдил диҳем.

Leave a Reply

Back to top button