
27-уми июни соли 2025 дар толори бошукӯҳи Қасри Фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали Аҳрории маркази ноҳияи Айнӣ чорабинии мутантан бахшида ба 28 – умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корманди хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ – сардори Нозироти давлатии назорати кӯҳӣ – техникӣ Расулов Наим Зарифович, намояндаи вилояти Суғд, сардори нозироти комплексии назорати бехатарии саноат дар вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода, роҳбарони ташкилоту идораҳои ноҳиявӣ, намояндагони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷавонону собиқадорон ва фаъолони ноҳия ширкат варзиданд.
Нахуст, Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода суханронӣ намуда, аз нақши барҷастаи Ваҳдати миллӣ дар таҳкими ҳаёти босаодати мардуми кишвар ва хидматҳои беназири Сардори давлат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдат ва суботу пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳарф зад.
Зикр гардид, ки сулҳу ваҳдат чун омили сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии миллат ва арзиши муқаддаси миллӣ ҷовидона боқӣ мемонад ва чуноне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, дастоварди бузургтарини мо, ки на танҳо наслҳои имрӯзаи кишвар, балки наслҳои оянда низ бо ифтихор ба забон хоҳанд овард, таъмини сулҳу оштии миллӣ ва ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон аст.
Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корманди хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ – сардори Нозироти давлатии назорати кӯҳӣ – техникӣ Расулов Наим Зарифович, намояндаи вилояти Суғд, сардори нозироти комплексии назорати бехатарии саноат дар вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода ба сухан баромада табрикоти Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғдро ба сокинони ноҳияи Айнӣ расониданд.
Барномаи хуби фарҳангии тайёрнамудаи кормандони бахши фарҳанги ноҳия бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табъи иштирокдоронро болида намуд.





и ещё 14