Хабарҳои руз

ВОХӮРИИ ВАКИЛ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН ДАР ҶАМОАТҲОИ РАРЗ ВА ШАМТУЧИ НОҲИЯИ АЙНӢ

Бо Пешвои миллат – ба сӯи ояндаи дурахшон!
2 сентябри соли 2025 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Айнӣ, №22 Давлатзода Қиёмиддин бо интихобкунандагони Ҷамоатҳои деҳоти Рарз ва Шамтуч вохӯрӣ анҷом дод.
Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Боқизода Боқимуҳаммад, омӯзгорон, собиқадорон, ҷавонон, фаъолон ва раиси Ҷамоати деҳоти Рарз иштирок доштанд. Боқизода дар сухани ифтитоҳӣ аз сиёсати созанда ва иқдомҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардид.
Давлатзода Қиёмиддин доир ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон, дастовардҳои даврони Истиқлол, ҳадафҳои стратегӣ ва нақши таърихии Пешвои миллат маълумот пешниҳод намуда, мардумро ба муттаҳидӣ ва саҳмгузорӣ дар татбиқи барномаҳои созанда даъват кард.
Ҳамзамон, раиси Ҷамоати деҳоти Рарз Эраҷалӣ Аминзода аз пешравиҳои деҳоти кӯҳистон изҳори назар намуда, таъкид кард, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлол бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва талошҳои раиси ноҳия Равшан Раҳимзода соҳаҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла сохтмони як қатор муассисаҳои таълимӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳода истодаанд ва
дар оянда низ МИҲД-и ноҳияи Айнӣ бо ҳамин сиёсати бунёдкорона барои ободии диёр дастаҷамъона бо аҳолӣ саҳмгузорӣ хоҳанд кард.
Интихобкунандагон низ бо пешниҳодҳо ва дархостҳои худ ба вакил муроҷиат намуданд. Қайд гардид, ки чунин мулоқотҳо дар дигар ҷамоатҳои ноҳия идома меёбанд.
и ещё 5
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

21

Leave a Reply

Back to top button