
Дар ноҳияи Айнӣ, ки солҳои охир корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ бо маром идома доранд, таъмири роҳҳо аз ҷониби сокинони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша ба ҳукми анъана даромадааст.
Бо иқдоми шахсони саховатманд ва дастгирии мардуми деҳаи Кӯҳрӯд наздики 80 метр роҳи мошингарди байнидеҳавӣ бетонпӯш карда шуд. Ин амал на танҳо барои беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинон ва рафтуомади онҳо мусоидат мекунад, балки ҳамзамон нақши муҳим дар рушди инфрасохтори деҳа ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дорад.
Сокинони деҳа изҳор медоранд, ки чунин корҳои хайрхоҳона аз ҳисоби саҳми ҳар як шахс имконпазир гардида, ба ободии зодгоҳ ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ мусоидат менамояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ иқдоми сокинон ва шахсони саховатпешаро намунаи ибрат арзёбӣ намуда, таъкид месозад, ки ташаббусҳои созандаву ватандӯстонаи мардум ҳамеша мавриди дастгирӣ қарор мегиранд.
Бо чунин корҳои дастаҷамъона, ки аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии ҳар як сокини ноҳия шаҳодат медиҳад, симои деҳот рӯз ба рӯз боз ҳам ободу зеботар мегардад.





и ещё 6
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
15