
01 сентябри соли 2025
Хонандагони арҷманд!
Устодони гиромиқадр!
Хонандагони азиз ва падару модарони муҳтарам!
«Илму маърифат сарчашмаи саодати инсон аст.»
Имрӯз дар саросари кишвари соҳибистиқлоламон — Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои муқаддас ва пурарзиш – Рӯзи дониш таҷлил мегардад.
Бо истифода аз ин фursати муносиб ҳамаи Шумо — устодону омӯзгорон, хонандагони азиз ва волидайни муҳтарамро ба оғози соли нави таҳсил — 2025–2026 самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, бахту саодат, сарбаландию сарфарозӣ ва комёбиҳои беназирро дар роҳи омӯзиши илму дониш орзу менамоям.
Боиси ифтихор аст, ки ҳамасола соли нави таҳсил дар муассисаҳои таълимии кишвар бо Дарси сулҳ таҳти роҳнамоӣ ва суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мегардад. Ин иқдоми наҷиб рамзи пойдории сулҳу ваҳдат ва гиромидошти арзишҳои бунёдии давлати тоҷикон мебошад.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Мусаллам аст, ки Сулҳ ва Ваҳдат бузургтарин дастоварди даврони Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб меравад. Мо, мардуми Тоҷикистон, даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронида, беш аз ҳар кас дигар арзиши сулҳро медонем. Аз ин рӯ, оғози соли таҳсил бо дарси сулҳ барои насли наврас сабақи бузургу ояндасоз мебошад.
Имрӯз тамоми заминаҳои ҳуқуқиву ҳуқуқии рушди соҳаи маориф дар кишвар фароҳам оварда шудаанд. Пешрафти босуръати илму техника ва технологияҳои муосир тақозо мекунад, ки мо ҷавонони босавод, соҳибмаърифат, кадрҳои баландихтисос ва ихтироъкорони ҷавобгӯ ба талаботи замонро тарбия намоем.
Пешвои муаззами миллат ҳамеша таъкид месозанд, ки:
«Ояндаи миллат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Танҳо миллати босавод метавонад ҷойгоҳи сазовори худро дар ҷомеаи мутамаддин пайдо намояд.»
Дар ҳақиқат, таҷрибаи таърихӣ собит кардааст, ки шахсони донишманду соҳибмаърифат сарвати бебаҳо ва қувваи бузурги ҳар як миллатанд. Аз ин рӯ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи миллӣ ва омода сохтани мутахассисони соҳибкасб вазифаи муҳимтарини соҳаи маориф маҳсуб меёбад.
Боиси зикр аст, ки дар соли 2025 ба соҳаи маорифи ноҳия 91 миллиону 381 ҳазор сомонӣ равона гардид, ки нисбат ба соли гузашта 29,8 фоиз зиёд мебошад. Ин иқдом нишонгари таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумат ба илму маориф аст.
Ҳамзамон бо дастгирии Пешвои миллат ва саҳми соҳибкорони ватандӯст дар ноҳия як қатор муассисаҳои нав ва томактабӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Ин ҳама бо мақсади беҳтар гардондани шароити таълим ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои омӯзишу таҳсилоти босифат равона шудаанд.
Хонандагони азиз!
Ҳукумати кишвар ба хотири рушди шумо тамоми имкониятҳоро фароҳам меорад. Акнун вазифаи Шумо он аст, ки бо истифода аз ин имкониятҳо хуб таҳсил намоед, илму дониш омӯзед, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ карда, дар оянда ҳамчун фарзандони содиқ ва номбардор ба халқу Ватан хизмат намоед.
Ҳамеша дар ёд дошта бошед:
«Аз хоб дер хестӣ — рӯзатро бохтӣ, дар ҷавонӣ илм наёмӯхтӣ — ҳаётатро бохтӣ.»
Шумо – насли хушбахти даврони Истиқлол, соҳибони фардои давлату миллат ҳастед. Ояндаи кишвар ва сарнавишти давлати тоҷикон дар дасти шумост ва мо аз ҳар яки шумо умеду боварии зиёд дорем.
Бори дигар тамоми хонандагон, омӯзгорон ва падару модарони муҳтарамро ба Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва ҳамзамон фарорасии ҷашни муқаддаси 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Бигзор роҳи дониш ҳамеша рӯшан, рӯзгоратон ободу сарбаландиатон ҷовидон бошад!
Бо эҳтиром,
Раиси ноҳияи Айнӣ
Равшан Раҳимзода

Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
99