
Ҳамасола 1-уми сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил бо баргузории чорабиниҳои идона таҷлил мегардад.
Дар робита ба ин санаи муҳим, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9, воқеъ дар деҳаи Такфони Ҷамоати деҳоти Анзоб, бо иштироки роҳбарият, омӯзгорон, хонандагон ва меҳмонони расмӣ маросими бошукӯҳи ифтитоҳи соли нави таҳсил баргузор шуд.
Чорабинии тантанавӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, ба фазои идонаи ин рӯйдоди муҳими маърифатӣ ҳусни оғоз бахшид.
Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корманди Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Санъат Асо, сардори нозироти комплексии нозироти бехатарии саноат дар вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода, намояндагони мақомоти маҳаллӣ, падару модарон ва хонандагон иштирок намуданд.
Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода зимни суханронии худ аҳли маорифи ноҳияро бо оғози соли нави таҳсил самимона табрик намуда, доир ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии соҳаи маориф ва рушди нерӯи зеҳнии наврасону ҷавонон ибрози андеша кард. Таъкид гардид, ки имрӯзҳо бо дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи баланд бо шароити замонавӣ таъмин гардида, омӯзгорону хонандагон бояд бо истифодаи самараноки чунин имкониятҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш талош намоянд.
Ҳамзамон, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла Раҳим Санъат Асо ва Умедҷон Сафарзода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд омӯзгорону хонандагонро бо фарорасии соли нави таҳсил таҳният гуфта, ба онҳо дар ҷодаи илмомӯзӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти кишвар комёбиҳо орзу намуданд.
Маросим бо садо додани занги аввал — ҳамчун рамзи оғози расмии соли таҳсили 2025–2026 — анҷом ёфт.
Зимни боздид аз синфхонаҳо, Раиси ноҳия ва меҳмонон аз шароити таълимӣ шинос шуда, бо омӯзгорону хонандагон суҳбат ороста, ба онҳо дар роҳи касбу илмомӯзӣ муваффақиятҳои нав орзу намуданд.
Бояд зикр кард, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и деҳаи Такфон бо дастгирии “Ширкати металлургии Анзоб” пурра таъмиру таҷдид гардида, имрӯз ба яке аз муассисаҳои намунавӣ ва муҷаҳҳази ноҳияи Айнӣ табдил ёфтааст.
Раиси ноҳия дар анҷом аз хонандагон даъват ба амал овард, ки ба хотири пос доштани ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар таҳсил комёбиҳои назаррас ба даст оварда, дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои ифтихориро соҳиб шаванд.
Маркази матбуоти МИҲД-и ноҳияи Айнӣ





и ещё 30
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
94