Хабарҳои руз

Шанбегии дастаҷамъона дар ноҳияи Айнӣ

Зери ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо роҳбарии Раиси ноҳияи Айнӣ муҳтарам Равшан Раҳимзода дар тамоми ҷамоату маҳаллаҳои ноҳия ҳамасола шанбегиҳои дастаҷамъона бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва ободу зебо гардондани муҳити зист баргузор мегарданд.
Субҳи имрӯз, 30-юми августи соли 2025, дар ноҳияи Айнӣ бо иштироки васеи кормандони сохтору муассисаҳои давлативу хусусӣ, аҳолии маҳаллӣ ва хонандагону ҷавонон шанбегии навбатӣ доир гардид.
Дар доираи ин иқдоми созанда сокинони ноҳия аз нақби Истиқлол то нақби Шаҳристон, ҳамчунин аз сарҳади ноҳияи Мастчоҳ то шаҳри Панҷакент, гирду атрофи ташкилоту муассисаҳо ва хонаҳои истиқоматиро, ки дар шафати шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Чаноқ ҷойгир шудаанд, аз ҳар гуна партовҳо ва алафҳои бегона тоза намуданд.
Ин иқдом боиси тозаву озода гардидани муҳити атроф, зебоии манзараи роҳҳои мошингард ва баланд гардидани маърифати экологии аҳолӣ гардид. Ҳамчунин, ташкили чунин шанбегиҳои дастаҷамъона баҳри ташаккули ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон нисбат ба тозагӣ ва ҳифзи муҳити зист аҳамияти калон дорад.
Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти ноҳияи Айнӣ чунин корҳои тозакорӣ минбаъд низ пайваста ташкил ва гузаронида шуда, бо иштироки фаъолонаи сокинон муҳити зист тозаву озода ва гулгулшукуфон нигоҳ дошта мешавад.
Тозагӣ – кафили саломатӣ ва нишонаи фарҳанги баланд аст.
и ещё 25
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

12

Leave a Reply

Back to top button