
Ҳамасола якшанбеи охири моҳи август дар кишвар Рӯзи ангиштканон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат санаи 29-уми августи соли 2025 дар саҳни корхонаи фаръии шахтаи «Фон-Яғноб» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд.
Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода иштирок намуда, бо сухани табрикотӣ баромад кард. Ӯ нахуст паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзодаро ба ҳозирин расонида, минбаъд аз фаъолияти корхонаҳои истихроҷи ангишт, ки шумораашон дар ноҳия ба 6 адад мерасад, изҳори қаноатмандӣ намуд. Раиси ноҳия ба тамоми кормандони соҳа барору комёбиҳо орзу кард.
Дар ҳамоиш ҳамчунин муовини вазири саноат ва технологияҳои нав Азиз Назар, Директори корхонаи фаръии шахтаи «Фон-Яғноб» Фирузбек Абдусаломзода, директори генералии КВД «Ангишти тоҷик» Сайфиддин Аслиддинзода, муовини раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Обидзода Нуъмон ва дигар масъулини ҷумҳуриявию вилоятӣ иштирок намуда, дар суханрониҳои худ саҳми корхонаҳои ангиштканро дар татбиқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар назаррас арзёбӣ карданд.
Айни ҳол дар ноҳияи Айнӣ 6 корхонаи фаъол – КФ шахтаи «Фон-Яғноб», ҶДММ «Ширкати металлургии тоҷик» ва дигарон – дар самти истихроҷи ангишт фаъолият доранд, ки нақши онҳо дар таъмини эҳтиёҷоти иқтисоди миллӣ ва рушди саноат басо муҳим мебошад.
Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ тамоми ангиштканонро ба ифтихори иди касбиашон табрик намуда, ба фаъолияти пуршарафи онҳо барору дастовардҳои нав таманно кард.





и ещё 16
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
94