Хабарҳои руз

Ҷамъоварии ҳосили фаровони картошка дар деҳаи Дарғи Ҷамоати деҳоти Шамтуч

Дар ноҳияи Айнӣ мавсими ҷамъоварии ҳосили картошка бо рӯҳияи баланди меҳнатӣ ва ҳисси ватандӯстона идома дорад. Дар ин раванд деҳаи Дарғи Ҷамоати деҳоти Шамтуч яке аз пешсафон маҳсуб меёбад, зеро кишоварзони заҳматдӯст бо истифодаи таҷрибаҳои суннатӣ ва усулҳои муосири агротехникӣ тавонистанд ҳосили фаровон ба даст оваранд.
Ҳангоми суҳбати Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бо кишоварзону сокинони деҳа маълум гардид, ки онҳо фаъолияти имсоларо ҳамчун саҳми арзандаи худ дар таъмини амнияти озуқавории кишвар арзёбӣ мекунанд. Сокинон таъкид доштанд, ки парвариши картошка барои ин минтақа на танҳо манбаи асосии даромади оилавӣ, балки омили муҳими таҳкими бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ба ҳисоб меравад.
Кишоварзон гуфтанд, ки бо дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар онҳо бо рӯҳбаландӣ фаъолият менамоянд. Таъкид гардид, ки дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба истифодаи самараноки ҳар як порча замин, беҳтар намудани фарҳанги кишт, захираи маҳсулот ва рушди хоҷагиҳои ёрирасон ҳамеша дар меҳвари фаъолияти деҳқонон қарор доранд.
Илова бар ин, кишоварзон бо ифтихор қайд намуданд, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо заҳмату талошҳои пайгирона барои пешниҳоди дастовардҳои шоиста омодагӣ мебинанд. Маҳз меҳнати шабонарӯзии мардуми деҳа аст, ки имрӯз деҳқонони Ҷамоати деҳоти Шамтуч тавонистанд маҳсулоти босифат ба бозор бароранд ва барои оянда низ нақшаҳои бузург дошта бошанд.
Раёсати кишоварзии ноҳия ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ низ ҳамеша фаъолияти кишоварзонро дастгирӣ намуда, барои беҳтар шудани шароити кори деҳқонон чораҳои зарурӣ меандешанд. Бо шарофати чунин талошҳои ҳамагонӣ ва ҳамбастагӣ, деҳқонони заҳматкаши ноҳия саҳифаҳои наве аз дастовардҳои хоҷагии халқро эҷод мекунанд.
Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода қайд кард, ки ҷамъоварии ҳосили фаровон дар деҳаи Дарғи Ҷамоати деҳоти Шамтуч на танҳо нишони заҳмати пурбаракати сокинон, балки далели равшани татбиқи сиёсати созандаву халқпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин дастовардҳо собит месозанд, ки истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо комёбиҳои назаррасу дастоварди воқеии меҳнатӣ сурат мегирад.
и ещё 2
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

37

Leave a Reply

Back to top button