
Ҳамдиёрони азиз!
Бо камоли эҳтирому ифтихор ҳамаи Шумо — сокинони шарафманди ноҳияи Айнӣ, кормандони сохторҳои давлатӣ, соҳибкорон, ҷавонон ва тамоми дӯстдорони Ватани маҳбубамонро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният менамоям.
Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муқаддаси давлатдории миллии мо мебошад, ки таърихи пурифтихори халқи тоҷик, арзишҳои волои миллӣ, сулҳу ваҳдат, худшиносию худогоҳӣ ва ормонҳои созандаамонро ифода менамояд. Парчами мо ифодагари рӯҳи бедори миллат, рамзи пояндагии давлат ва такягоҳи ифтихори ҳар фарди ватандӯст мебошад.
Имрӯз зери сояи ин Парчами муқаддас Тоҷикистони азизи мо, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳи созандагӣ, ободонӣ, таҳкими сулҳу субот ва рушди устуворро тай менамояд. Мо, сокинони ноҳияи Айнӣ, низ дар баробари мардуми шарафманди кишвар, барои рушду пешрафти диёрамон ҳиссаи арзандаи худро мегузорем.
Бовар дорем, ки Парчами миллӣ ҳамеша парафшон хоҳад буд ва моро ба сӯи ваҳдат, меҳнату муттаҳидӣ, созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ мекунад.
Бо ҳамин ормонҳои неку созанда, ба ҳар яке аз Шумо саломатӣ, хонаи обод, рӯзгори пурфайз ва комёбиҳои навро таманно дорам. Рӯзи Парчами давлатӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!
Парчами Тоҷикистони маҳбубамон ҳамеша парафшон бод!
Равшан Раҳимзода
Раиси ноҳияи Айнӣ









