Хабарҳои руз

Дидорбинии модарон бо сарҳадбонон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи модарон ва фаъолзанони ноҳияи Айнӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба қисми ҳарбии 0203, дидбонгоҳи «Исрофилобод» сафар намуда, бо сарҳадбонони шуҷои Ватан дидорбинӣ анҷом доданд.
Модарон бо дастархони пур аз навъҳои ғизои миллӣ, таомҳои хонагӣ ва маводи хӯрокворӣ ба дидбонгоҳ рафта, бо ин иқдоми худ баёнгари эҳтирому арҷгузорӣ ба хизмати шабонарӯзии муҳофизони сарҳади давлатӣ гардиданд.
Муовини раиси ноҳияи Айнӣ, Зебо Саидзода, ки дар ин чорабинӣ ширкат дошт, аз номи Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода ба сарҳадбонон паёми самимии табрикотӣ расонида, зикр намуд, ки Рӯзи Парчами давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди мамлакат рамзи ифтихору худогоҳии миллӣ мебошад.
Зебо Саидзода таъкид кард, ки Парчами давлатӣ нишонаи муқаддасии давлатдорӣ, ҳуввияти миллӣ ва ваҳдати мардуми Тоҷикистон аст. Шумо, сарҳадбонон, бо далерӣ ва садоқати худ ин рамзи муқаддасро ҳифз менамоед. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамеша дастгиру пайрави хизмати ватандӯстонаи шумо хоҳад буд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин андешаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Парчам ва ҳифзи марз мавриди зикр қарор гирифт. Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи Истиқлоли давлатӣ, давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ, ҳар шаҳрвандро ба посдории манфиатҳои милливу давлатӣ ва хизмат ба Ватан ҳидоят мекунад. Президенти мамлакат борҳо изҳор доштаанд, ки сарҳадбонон пешсафони амнияти давлат ва сипари устувори марзу буми муқаддаси Тоҷикистон мебошанд ва давлат барои беҳбуди шароити ҳаёти онҳо пайваста чораҷӯӣ мекунад.
Мулоқоти гарму созандаи модарон бо хизматчиёни ҳарбӣ шаҳодати он гардид, ки мардумшиносиву ватандӯстӣ ва эҳтирому қадршиносии ҷомеа нисбати муҳофизони сарҳад рӯз аз рӯз меафзояд. Чунин иқдомҳо ба боло рафтани рӯҳияи хизматчиёни ҳарбӣ, таҳкими робитаи ҷомеа бо Қувваҳои Мусаллаҳ ва таҳкими амнияти кишвар мусоидат менамоянд.
Дар анҷом, модарон ба сарҳадбонон умри дароз, хизматҳои босафо ва барору муваффақият орзу намуда, мулоқот дар фазои болидарӯҳӣ ҷамъбаст гардид.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 7

Leave a Reply

Back to top button