
Субҳи имрӯз, 25-уми ноябри соли 2025 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ машварати кории Раиси ноҳия бо иштироки роҳбарони воҳидҳои соҳавӣ, масъулини мақомоти давлатии маҳаллӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва намояндагони соҳаи хусусӣ баргузор гардид.
Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода дар оғози ҷаласа таъкид намуд, ки иҷрои ҳама ҷанбаҳои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳамаҷонибаи ноҳия ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардум роҳнамо мебошад. Мавриди зикр қарор дода шуд, ки дар тамоми бахшҳо иҷрои босифати дастуру супоришҳои Пешвои миллат вазифаи виҷдонӣ ва хизматӣ ба шумор меравад.
Раис ба масъулин супориш дод, ки дар асоси сиёсати давлатии “Солҳои рушди саноат” ва барномаҳои давлатӣ оид ба ободонӣ, корҳои таъмиру бозсозии роҳҳои дохилиноҳиявӣ ва маҳаллӣ суръат бахшида шавад. Талаб карда шуд, ки масъалаи тозагӣ, ҳифзи муҳити зист ва муташаккилона ба роҳ мондани партовбарорӣ дар маркази ноҳия ва ҳамаи ҷамоатҳо таҳти назорати қатъӣ қарор гирад. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки тозагӣ ва фарҳанги шаҳрнишинӣ ҷузъи муҳими ҷомеаи мутамаддин мебошад.
Ба сохторҳои ҳифзи гражданӣ ва хадамоти зидди сӯхтор дастур дода шуд, ки бо назардошти тағйирёбии иқлим, боришоти шадид ва эҳтимоли офатҳои табиӣ, нақшаҳои омодагӣ ва вокуниши фавриро такмил ва омодагии пурраро таъмин намоянд. Дар ин замина, супоришҳои Пешвои миллат дар хусуси таҳкими инфрасохтори муҳофизатӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ба таври қатъӣ иҷро карда шаванд.
Рафти корҳои сохтмонӣ, ободонӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси ноҳия вазифадор намуд, ки масъулин иҷрои муҳлатҳои пешбинишударо таъмин намуда, сифати корҳои сохтмониро зери назорати доимӣ гиранд.
Дар асоси супоришҳои Сарвари давлат оид ба “Ободонӣ — вазифаи ҳамагон”, талаб карда шуд, ки ҷалби шаҳрвандон ва соҳибкорон ба амалҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ бештар ба роҳ монда шавад.
Равшан Раҳимзода оид ба андешидани тадбирҳои иловагӣ барои рушди саноати коркард ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дастур дод. Дар доираи сиёсати дастгирии давлатӣ ба соҳибкорон, бахусус ба истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ва шахсони соҳибтаҷриба, пешниҳод гардид, ки бонкҳо пешниҳоди қарзҳои имтиёзнокро зиёд ба роҳ монанд.
Бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи стратегии навбатӣ эълон намудаанд, таъкид шуд, ки ноҳия бояд нақши худро дар рушди иқтидори истеҳсолӣ пурра иҷро намояд.
Ба сохторҳои соҳаи барқи ноҳия супориш дода шуд, ки омодагии шабакаҳои барқӣ, хатҳои интиқол ва таҷҳизоти энергетикӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ барвақт ва босифат анҷом дода шавад. Татбиқи пурраи дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба сарфакории неруи барқ, истифодаи оқилонаи инфрасохтори энергетикӣ ва боло бурдани сатҳи хизматрасонӣ талаб карда шуд.
Раиси ноҳия вазъи соҳаи маориф ва сифати таълимро нигаронкунанда арзёбӣ намуда, ба масъулони соҳа дастур дод, ки камбудиҳои мавҷударо фавран бартараф созанд.
Бо дарназардошти аҳамияти баланди амнияти озуқаворӣ, Раис аз масъулони кишоварзӣ талаб кард, ки ҳуҷҷатгузорӣ ва назорати тухмиро дар ҳамаи хоҷагиҳо пурзӯр намоянд, шудгори замин, ҳолати хок, пешгирии бемориҳо ва эрозияро зери назорат гиранд, захираи устувори тухмии картошка барои кишти соли 2026-ро муҳайё намоянд ва иҷрои барномаҳои давлатӣ дар самти сиёсати аграрӣ, ки ҳамеша зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дорад, таъмин карда шавад. Кумитаи замин ва Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ вазифадор гардиданд, ки мониторинг ва назорати доимиро дар заминҳои кишоварзӣ ба роҳ монанд.
Бо назардошти афзоиши сохтмоноти хусусӣ, Раис дастур дод, ки иҷрои меъёрҳои меъморӣ, риояи қоидаҳои бехатарӣ, ҳамоҳангсозӣ бо мақомоти масъул ва симои меъмории ноҳия дар ҳама объектҳо таъмин карда шавад.
Ҳолати кадрҳои тиббӣ, хизматрасонии сифатнок ва мубориза бо бемориҳои сироятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Роҳбарони марказҳои тиббӣ вазифадор шуданд, ки ҷалби кадрҳои ҷавонро афзоиш диҳанд, корҳои пешгирӣ ва маърифатиро дар байни аҳолӣ равона созанд ва назорати санитарию тозагиро дар муассисаҳои тиббӣ тақвият бахшанд.
Бо назардошти дастурҳои Пешвои миллат оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ, ба сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки захираи маводи ғизоӣ барои ду сол, аз ҷумла орд, картошка, сабзавот ва маҳсулоти стратегӣ, дар сатҳи зарурӣ нигоҳ дошта шавад.
Равшан Раҳимзода дар анҷоми машварат таъкид кард, ки ҳамаи супоришҳо бояд дар муҳлатҳои муайян иҷро шаванд. Ҳар як роҳбари сохторҳо вазифадор карда шуданд, ки натиҷаи кор дар ҷаласаи навбатӣ ҳисоботӣ карда шавад. Ҳадафҳои ислоҳотӣ ва рушди устувори ноҳия танҳо дар сурате таъмин мегардад, ки ҳар як масъул бо ҳисси баланд ҷавобгарӣ, подош ба Ватан ва амалӣ намудани сиёсати Пешвои миллат фаъолияти худро ба роҳ монад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 13









