Нимаи дуюми рӯзи 25-уми ноябри соли 2025 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо иштироки Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ – Прокурори ноҳияи Айнӣ, мушовири адлияи дараҷаи 2 Саидҷамол Ҷалолзода ифтитоҳ намуд.
Дар кори ҷаласа аъзоёни Шӯро – сардори ШВКД дар ноҳия полковники милитсия Алиҷон Рауфзода, сардори Шуъбаи ноҳиявии Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд майор Ҳусейнзода А., иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар ноҳия Шарифзода М., инчунин муовинони раиси ноҳияи Айнӣ, масъулини шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия, кормандони Нозироти андоз, раисони як қатор корхонаҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, кормандони Раёсати кишоварзӣ, андозсупорандагон ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.
Рӯзномаи ҷаласа ба масъалаи муҳими иҷрои талаботҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла тартиби маҷбуран ситонидани андозҳо, кам кардани бақияи қарзи андозҳо ва таъмини андозсупорандагон бо дастгоҳҳои назорати хазинавӣ дар 12 моҳи соли 2024 ва 9 моҳи соли 2025 бахшида шуд.
Тибқи рӯзнома, ахбороти сардори Нозироти андоз дар ноҳия Оқилҷон Шодиев шунида шуд.
Дар муҳокима Прокурори ноҳия Ҷалолзода С., роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзии дорои қарзи андоз ва дигар ҷамъиятҳои фаъол иштирок намуда, пешниҳодҳои зарурӣ ироа карданд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода таъкид намуд, ки иҷрои саривақтии уҳдадориҳои андозӣ шарти муҳимми рушди иқтисодии ноҳия мебошад. Ӯ бо истинод ба суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфт: -Мақомоти андоз вазифадоранд, ки барои пешгирии ҳолатҳои саркашӣ аз пардохти андоз чораҳои ҷиддӣ андешанд. Гуфта шуд, ки масъулон бояд барои кам кардани бақияи қарзи андоз бо масъулияти баланд ва дар ҳамкорӣ бо шаҳрвандон амал намоянд.
Пас аз баррасии ҷараёни иҷрои талаботи қонунгузории андоз, Раиси Шӯро – Прокурори ноҳия Ҷалолзода С. натиҷагирӣ намуда, ба мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар асоси натиҷаҳои ҷаласа қарор қабул гардид:
1. Ахбороти Сардори Нозироти андоз О. Шодиев ба инобат гирифта шавад;
2. Ёрдамчии калони прокурори ноҳия Саидзода Р. ҷиҳати кам намудани бақияи қарзи андоз ҳамкориро бо масъулини Нозироти андоз пурзӯр намояд;
3. Аз кормандони Нозироти андоз талаб карда шуд, ки бо риояи талаботи қонунгузорӣ нисбати рӯёнидани қарзҳои андоз чораҳои қатъии қонунӣ андешанд;
4. Раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифадор гардиданд, ки якҷоя бо масъулини соҳа корҳои мушаххасро барои бартарафсозии қарзи андоз амалӣ намоянд;
5. Назорати иҷрои қарор ба зиммаи роҳбарон ва котибони масъули Шӯро гузошта шуд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 13










