Хабарҳои руз

Туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Айнӣ расид

Бо иқдоми фарҳангсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаи тақдими шоҳасари нодири адабиёти ҷаҳонӣ — «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳар хонадон дар саросари кишвар идома дорад. Ин навбат ин туҳфаи пурқимати маънавӣ ба сокинони ноҳияи Айнӣ расида, дар фазои эҳтирому сарфарозӣ ба мардум тақдим мегардад.
«Шоҳнома» — ойинаи таърихи давлатдории ориёӣ, китобе, ки рӯҳ ва худшиносии миллии тоҷиконро садсолаҳо зинда нигоҳ доштааст, имрӯз боз дар ҳар хонадони кишвар ҷой мегирад. Нашриёти «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин шоҳасарро дар ду ҷилд ва бо теъдоди бесобиқа — 1 миллиону 700 ҳазор нусха нашр намудааст. Ин иқдом бесобиқа буданашро ҳам аз рӯи ҳаҷм ва ҳам аз лиҳози аҳамияти маънавӣ собит месозад.
Мавриди зикр аст, ки тақсими «Шоҳнома» ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда, ҳадафи аслии он эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва таҳкиму тавсеаи эҳсоси ватандӯстӣ дар ҷомеа мебошад. Ин туҳфа, пеш аз ҳама, барои наврасону ҷавонон дарси ибрат ва сарчашмаи маърифати дирӯзаву фардои миллати тоҷик ба шумор меравад.
Сокинони ноҳияи Айнӣ ин иқдоми фазилатмандонаро истиқбол намуда, онро нишонаи таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ба фарҳанг, адабиёт ва арзишҳои таърихию маънавии миллат меҳисобанд. Таҳвили ин китобҳои арзанда дар ҳақиқат пайванди маънавии наслҳоро пойдортар намуда, муҳаббат ба Ватан, пойдорӣ ва гиромидошти забон ва эҳтироми гузаштаи пуршарафи ниёгонро боз ҳам нерӯманд мегардонад.
Ин иқдом гувоҳи он аст, ки арзишҳои фарҳангии халқамон ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор доранд ва «Шоҳнома» ҳамчун китоби китобҳо боз ба дилу андешаи мардум роҳ меёбад.
и ещё 36

Leave a Reply

Back to top button