
Дар доираи иқдоми фарҳангсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ноҳияи Айнӣ ба собиқадорони меҳнат шоҳасари безаволи адабиёти ҷаҳонӣ — «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ тақдим карда шуд.
Туҳфаро Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Сарвар, сардори Сарраёсати буҷети давлатии Вазорати молия Азиз Ашуриён ва дигар намояндагони вазорат ба собиқадорон бо эҳтироми хос супориданд.
Ёдовар мешавем, ки иқдоми мазкур чун анъанаи неки Пешвои миллат ҷиҳати эҳёи ҳофизаи таърихӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавии тоҷикон дар саросари ҷумҳурӣ идома дошта, бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.
Шоҳасари «Шоҳнома» — ойинаи тамаддуни ориёӣ ва рамзи нангу номуси миллист, ки садсолаҳо мардумро ба ваҳдат, далерӣ ва худогоҳӣ ҳидоят кардааст. Бо ташаббуси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашриёти «Шарқи озод» ин асарро дар ду ҷилд ва бо теъдоди рекордии 1 миллиону 700 ҳазор нусха ба нашр расонидааст.
Сокинони ноҳияи Айнӣ ин иқдоми фарҳангиву маърифатиро бо сипосу қадршиносӣ истиқбол намуданд. Ба таъкиди онҳо, тақдими чунин туҳфаи маънавӣ барои пойдории пайванди наслҳо, тарбияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва эҳтироми арзишҳои таърихии миллат аҳамияти бузург дорад.
Ин иқдом далолат аз он медиҳад, ки тамаддун ва фарҳанги тоҷикон ҳамеша дар меҳвари сиёсати фарҳангию давлатӣ қарор дошта, «Шоҳнома» ҳамчун ганҷи гаронбаҳои миллӣ боз ба дили мардум роҳ меёбад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 11









