
Бо мақсади рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва беҳтар гардонидани шароити таълиму тарбияи кӯдакони дараи зебоманзари Искандаркул, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода имрӯз ба корҳои сохтмонии муассисаи таҳсилоти миёнаи томактабии нав санги асос гузошт. Ин иқдоми созанда бо ибтикор ва маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва бо дастгирии фаъолонаи сокинони меҳнатдӯсти дара амалӣ гардида истодааст.
Раиси ноҳия зимни суҳбат бо сокинон иброз намуд, ки ташаббус ва ғамхории Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар, аз ҷумла маориф, имрӯз ба як ҷараёни созанда табдил ёфтааст. Ӯ таъкид кард, ки иҷрои дастуру супоришҳои Сардори давлат, ки “пешрафти деҳаҳо, фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбия ва таҳкими заминаҳои рушди нерӯи инсонӣ яке аз вазифаҳои асосии мақомоти маҳаллӣ мебошад”, барои роҳбарияти ноҳия ҳадафи муҳим ба ҳисоб меравад.
Муассисаи навбунёд аз ду ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои меъёрии бинокорӣ бунёд мегардад. Масоҳати умумии он 342,79 метри мураббаъро ташкил дода, аз иншооти зерин иборат хоҳад буд:
– миёнасарой;
– ҳуҷраи беҳдошти кормандон;
– зинахона;
– ҷойи либоскашӣ ва бефет;
– ҳуҷраҳои беҳдошти гурӯҳҳо;
– ҳуҷраи бозии кӯдакон;
– ҳуҷраи хоб;
– ҳуҷраи методӣ;
– ҳуҷраи посбон;
– ҳуҷраи мудири боғча;
– ҳуҷраи тиббӣ ва изолятор.
Зимни баромади худ Раиси ноҳия афзуд, ки ин муассиса ҷавобгӯи талаботи замони муосир буда, барои кӯдакон муҳити мусоид ва шароити муносиб фароҳам хоҳад овард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки “кӯдакон ояндаи давлати моанд ва барои онҳо бояд беҳтарин шароит муҳайё гардад”. Татбиқи чунин иқдомот дар ноҳияи Айнӣ маҳз бо чунин роҳнамоӣ ва дастгирии доимии роҳбарияти олии кишвар имконпазир гардида истодааст.
Сокинони дараи Искандаркул миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти ноҳия барои таваҷҷуҳ ва ғамхории пайваста изҳор намуда, таъкид карданд, ки барои анҷоми саривақтӣ ва босифати сохтмон саҳми худро мегузоранд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 11









