Хабарҳои руз

Дар деҳаи Шӯрмашки Ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ корҳои сохтмонӣ ва таҷдиди инфрасохтори фарҳангӣ ҷараён доранд

Санаи 28-уми ноябри соли 2025 Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бо сафари корӣ ба деҳаи Шӯрмашки Ҷамоати деҳоти Фондарё ташриф оварда, ҷараёни корҳои сохтмонии маҷмааи фарҳангӣ-фароғатӣ ва корҳои таҷдиду таъмири муассисаҳои фарҳангиро мавриди боздид қарор дод.
Ин иқдомҳо дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи барномаи рушди маҳал амалӣ мешаванд.
Ҳангоми мулоқот бо сохтмончиён ва сокинон Раиси ноҳия дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба ободонӣ, беҳтарсозии инфрасохтор ва рушди деҳот расонида, таъкид намуд, ки корҳои сохтмонии маҷмааи фарҳангӣ-фароғатӣ ва таҷдиди муассисаҳои фарҳангӣ бояд босифат ва дар муҳлати муайян ба анҷом расанд.
Тибқи супориши роҳбарияти ноҳия, сохтмончиён муваззаф гардиданд, ки маҷмааи фарҳангӣ-фароғатӣ ва корҳои таҷдиду таъмири клубу китобхонаро то моҳи августи соли 2026 пурра омода намуда, ба истифода супоранд.
Ҳамзамон, Раиси ноҳия таваҷҷуҳро ба зарурати ободонӣ ва таъмири ҳама деворҳо, манзилҳо ва муҳити зисти деҳа равона карда, таъкид намуд, ки деҳаи Шӯрмашк ва дараи Аловиддини Ҷамоати деҳоти Фондарё яке аз самтҳои муҳими саёҳатӣ дар ноҳия ба шумор меравад. Ҳар сол садҳо сайёҳони хориҷӣ ба ин минтақа ташриф меоранд ва ободу зебо будани ин маҳал ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва сайёҳии ноҳия мусоидат мекунад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 6

Leave a Reply

Back to top button