Хабарҳои руз

Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз рафти фаъолияти Беморхонаи минтақавии №6-и дараи Искандаркӯл боздид намуд

Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти хизматрасонии тиббӣ ва сатҳи омодагии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ аз Беморхонаи минтақавии рақами 6, ки дар дараи таърихиву сайёҳии Искандаркӯл ҷойгир аст, боздид ба амал овард. Дар ҷараёни боздид роҳбарият бо кормандони тиббӣ, табибону ҳамшираҳо ва дигар масъулони беморхона мулоқот анҷом дод.
Ёдовар мешавем, ки Беморхонаи минтақавии №6 рӯзи 11 июл бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ин иншоот дар доираи истиқболи ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон супорида шудааст.
Беморхонаи мазкур дар ҳудуди деҳоти Фондарё бунёд гардида, аз ду ошёна иборат мебошад ва бо маблағи 8 миллион сомонӣ аз ҷониби як гурӯҳ соҳибкорони ватанӣ сохта шудааст. Муассисаи тиббӣ дорои 29 ҳуҷраи махсус барои нигоҳдории беморон ва 5 ҳуҷраи корӣ буда, дар ошёнаҳои аввал ва дуюм ҳуҷраҳои қабул, муоина, муолиҷа, ҷарроҳӣ, таваллуд, бастабандӣ, доругузаронӣ, инчунин ҳуҷраҳои бемориҳои кӯдакона ва ҳамшираи шавқат фаъолият менамоянд.
Ин беморхона ба сокинони деҳаҳои Ҳайронбед, Махшевад, Тӯда, Диҷик, Саратоқ, мавзеи Искандаркӯл, инчунин кормандони корхонаҳои дар ин минтақа мавҷудбуда хизмат мерасонад.
Дар беморхона шароити зарурӣ барои хизматрасонии босифат муҳайё гардидааст. Системаи гармидиҳии муассиса пурра навсозӣ шуда, он ба таври комил бо се намуди манбаъ — ангишт, барқ ва генератор фаъолият мекунад, ки барои кори мунтазам ва бефосилаи беморхона дар тамоми фаслҳо имконоти васеъ фароҳам меорад.
Раиси ноҳия дар ҷараёни мулоқот ба масъулон дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида, аз саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони саховатпешаи дараи Искандаркӯл барои бунёди чунин иншооти муҳими иҷтимоӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Айни ҳол бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва ҷалби соҳибкорону шахсони хайрхоҳ дар ошёнаи сеюми бино ҳуҷраҳои физиотерапия ва дигар бахшҳои муосири табобатӣ бунёд ёфта истодаанд. Ба иттилои роҳбарияти ноҳия, баъди ба истифода додани ин бахшҳо сатҳи хизматрасонии тиббӣ боз ҳам беҳтар хоҳад гашт.
Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода таъкид кард, ки Беморхонаи минтақавии №6 яке аз муҳимтарин муассисаҳои тиббии дара буда, аз он на танҳо аҳолии маҳаллӣ, балки сайёҳони хориҷиву дохилӣ низ метавонанд дар ҳолатҳои зарурӣ истифода баранд. Бо назардошти ҷойгиршавии минтақа дар масири сайёҳӣ, фаъолияти беморхона бояд дар сатҳи баланди касбӣ ва мутобиқ ба талаботи муосир ба роҳ монда шавад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 27

Leave a Reply

Back to top button