
29 ноябри соли 2025 дар ноҳияи Айнӣ таҳти роҳбарии Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода бо ҷалби васеи кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони маҳаллӣ шанбегии дастаҷамъона таҳти шиори «Тозагиву озодагӣ мароми мост!» баргузор гардид.
Ин иқдом бо ташаббусу дастгирии Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ роҳандозӣ шуда, ҳадафи он тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва зебоипарастии минтақа мебошад.
Дар ҷараёни шанбегӣ сокинон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо атрофи шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ, канори роҳҳои Айнӣ–Мастчоҳи Куҳӣ ва Айнӣ–Панҷакент, ҳудуди биноҳои давлатию ҷамъиятӣ, марказҳои хизматрасонӣ, ошхонаҳо, кӯчаю паскӯчаҳо, инчунин назди хонаҳои истиқоматиро аз партовҳои гуногун тоза намуда, ба корҳои ободонӣ саҳм гузоштанд.





и ещё 54









