
Ҳамкасбон ва кормандони муҳтарами
мақомоти ҳокимияти давлатӣ!
Шумо бо амалҳои худ пойдевори давлатро қавӣ ва равобити ҷомеаро устувор мегардонед. Маҳз бо кордонию масъулиятшиносӣ, садоқату ҳиммати Шумо ҳадафҳои стратегии мамлакат амалӣ гардида, зиндагии мардум сол то сол беҳтар мешавад.
Бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён Шуморо ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ табрик гуфта, фаъолияти пуршарафу пурмасъулияти Шуморо қадр менамоем. Ин рӯз на танҳо як ҷашни касбӣ, балки санаест, ки дар он саҳми ҳар як корманди давлатӣ — новобаста аз вазифа, сатҳи мансаб ё самти фаъолият — дар кӯшишҳои дастаҷамъонаи рушдиавлат ва ҳимояи манфиатҳои ҷомеа ба таври хоса эҳтиром карда мешавад.
Меҳнати Шумо — меҳнати мушкил, вале ниҳоят пурифтихор аст. Ҳар санади қабулшуда, ҳар қарор, ҳар як қадам дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқ, ҳар мушкилоти шаҳрванд, ки бо ҳалли оқилона рӯ ба рӯ мегардад, натиҷаи заҳмати шабонарӯзии шумост.
Меҳнати пурмасъулияту заҳмати шабонарӯзии Шумо дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини қонуният, хизмат ба шаҳрвандон ва рушди устувори кишвар нақши калидӣ дорад. Шумо он нерӯи асосӣ ҳастед, ки бо садоқати баланди давлатӣ ва ахлоқи ҳамида Ватанро рӯ ба пеш мебаред.
Ҳамон гунае, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд. “Хизматчиёни давлатӣ, пеш аз ҳама бояд ватандӯсту ватанпараст бошанд ва ҳаргиз фаромӯш насозанд, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад”.
Маҳз фаъолияти пурсамар ва масъулиятшиносии шумо имкон медиҳад, ки масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ дар маҳалҳо ҳалли саривақти пайдо намоянд, тартибот ва ҳамоҳангии корҳои ба зиммаи шумо гузошташуда роҳи ҳалли худро ёбанд, муносибатҳои байни давлат ва шаҳрвандон устувор гарданд. Шумо посбони наздики мардум ҳастед, ҳар як арзу дархост, ҳар як мушкилӣ ва ҳар як ниёзи сокинон, пеш аз ҳама, ба Шумо равона мешавад ва шумо бо дилу нияти пок, тозакорӣ ва садоқат барои ҳалли онҳо талош мекунед.
Шумо пайвандгари асосии байни ҷомеа ва давлат ҳастед, ки бо фаъолияти хайрхоҳона ва одилонаи худ ба таҳкими суботи иҷтимоӣ болоравии маърифати ҳуқуқии мардум ва рушди устувории минтақа мусоидат менамоед.
Бо истифода аз ин фурсат, рӯзи муҳим ба ҳар яки Шумо барои ҳисси баланди масъулият, муҳаббат ба Ватан фарҳанги баланди хизматрасонӣ ва муносибати меҳрубонона бо шаҳрвандон изҳори сипос менамоям ва ба ҳар яки Шумо саломатии бардавом, хотирҷамъӣ, иқболи нек, ва комёбиҳои тоза дар фаъолияти хидматии давлатиятон орзумандам. Бигзор хонадонатон пурфайзу обод, зиндагиятон пурсаодат ва кори фидокоронаи Шумо ҳамеша бо натиҷаҳои назаррас ҷилвагар гардад.
Бовар дорам, ки минбаъд низ бо руҳияи созандагӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва ҳамкории дастаҷамъона кору фаъолият намуда, барои пешрафти устувори кишвар, таҳкими низоми давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мардум саҳми арзандаи худро мегузоред.
Рӯзи касбӣ муборак бошад, кормандони муҳтарам!
Бигзор неруи созанда ва садоқати Шумо ба давлату миллат ҳамеша ҷовидон бимонад!










