
1-уми декабр, ба муносибати Рӯзи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, раиси Суди ноҳия Некрӯз Маруфзода, сардори ШВКД ҶТ дар ноҳия Алиҷон Рауфзода, прокурори ноҳия Саидҷамол Ҷалолзода, кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Ҳамоиш бо суханронии раиси ноҳия Равшан Раҳимзода ифтитоҳ гардида, ӯ аз саҳми назарраси кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар рушди ҷомеа ва татбиқи сиёсати давлат ибрози миннатдорӣ намуд. Зимни баромад, мавсуф таъкид кард, ки хизматчии давлатӣ бояд дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ бошад ва дар фаъолияти худ принсипҳои масъулиятшиносӣ ва садоқатро риоя намояд. Дар ин замина ӯ ба суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истинод оварда гуфт:
“Хизматчиёни давлатӣ, пеш аз ҳама бояд ватандӯсту ватанпараст бошанд ва ҳаргиз фаромӯш насозанд, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад”.
Сипас раиси Суди ноҳия Некрӯз Маруфзода, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Боқимуҳаммад Боқизода ва раиси шурои собиқадорони ноҳия Абдушукур Хокирозода суханронӣ намуда, нақши мақомоти давлатӣ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишварро баланд арзёбӣ карданд. Дар суханронҳо таъкид доштанд, ки кормандони мақомоти маҳаллӣ дар раванди татбиқи қарорҳои давлатӣ, ҳаллу фасли мушкилоти мардум, таъмини қонуният ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ саҳми арзанда доранд.
Дар ҷараёни ҳамоиш зикр карда шуд, ки кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ пойдевори устувори давлат ба шумор рафта, ҳар як амал ва ҳар як қарори онҳо ба беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад. Дар идома бо эҳтиром иброз гардид, ки маҳз бо кордонию масъулиятшиносӣ, садоқату ҳиммати Шумо ҳадафҳои стратегии мамлакат амалӣ гардида, зиндагии мардум сол то сол беҳтар мешавад.
Ҳамчунин ба ҷомеаи хизматчиёни давлатӣ барои ҳисси баланди масъулият, муҳаббат ба Ватан, фарҳанги хизматрасонии намунавӣ ва муносибати нек бо шаҳрвандон арзи сипос карда шуд. Таъкид гардид, ки онҳо бо фаъолияти софдилона ва одилона робитаҳои байни давлат ва ҷомеаро тақвият бахшида, дар беҳтар шудани тартиботи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон саҳми назаррас мегузоранд.
Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор кормандони фаъол бо сипоснома ва ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
Маркази матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 25









