Хабарҳои руз

Аксияи иттилоотӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО/БПНМ дар ноҳияи Айнӣ

Санаи 1 декабри соли 2025, бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии пешгирӣ ва мубориза бо вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) ва бемории пайдошудаи норасоии масъунияти одам (БПНМ) дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ як қатор чорабиниҳои муҳим ва оммафаҳмонӣ баргузор гардиданд. Чорабиниҳо аз ҷониби кормандони Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО/БПНМ дар ноҳияи Айнӣ ташкил ва амалӣ карда шуданд.
Ҳадафи асосии ин иқдом баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба роҳҳои пешгирӣ аз сирояти ВНМО, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ташвиқ ба гузаштан аз муоинаи ихтиёрӣ ва дастгирии шахсони расми сироятёфта мебошад. Дар доираи акция дар ҷойҳои серодами ноҳия – бозор, муассисаҳои таълимӣ ва нуқтаҳои аҳолинишин – чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбатҳои иттилоотӣ баргузор гардиданд.
Кормандони марказ ба аҳолӣ маводи иттилоотию оммафаҳмонӣ, аз ҷумла варақаҳои иттилоотӣ, буклетҳо ва лавҳаҳои феҳристдор оид ба роҳҳои сироят, усулҳои пешгирӣ ва зарурати ташхиси саривақтиро ройгон тақсим намуданд. Ҳамчунин бо сокинон ва ҷавонон суҳбатҳои кушода гузаронида шуда, ба саволҳои онҳо ҷавобҳои муфассал дода шуд.
Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО/БПНМ ёдовар мешавад, ки дар муассиса барои ташхис ва машварати ройгон ин гурӯҳҳои аҳолӣ фаро гирифта мешаванд:
* муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо;
* занони ҳомила;
* шахсоне, ки хоҳиши ихтиёрӣ гузаштан аз ташхис доранд.
Ин хизматрасониҳо бо мақсади пешгирии паҳншавии сироят, ҳифзи саломатии модару кӯдак ва таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои модарии тиббӣ ба роҳ монда шудаанд. Мутахассисон таъкид менамоянд, ки ташхиси барвақтӣ имкони нигоҳ доштани саломатӣ ва пешгирии оқибатҳои вазнинро фароҳам меорад.
Марказ аз сокинон даъват ба амал меорад, ки ба саломатии худ ва наздиконашон бетаваҷҷӯҳ набошанд, аз хизматрасониҳои ройгон истифода баранд ва барои ташвиқи дигарон низ саҳм гузоранд.
Маркази матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 4

Leave a Reply

Back to top button