
Раиси ноҳия аз раванди таҷдиди роҳи Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ боздид намуда, бо мутахассисони соҳаи роҳ суҳбат кард. Айни замон дар роҳи байни деҳаҳои Фатмев ва Гузари Бод корҳои тахту ҳамворкунӣ ва васеъкунии роҳ ба таври васеъ идома доранд.
Техникаҳои пурқудрати роҳсозӣ дар масир фаъолият дошта, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва мусоидати Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ босуръат амалӣ мешаванд.
Раиси ноҳия ба масъулони Муассисаи давлатии назорати роҳҳои автомобилгарди ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас дода, ба иҷрои босифати корҳои роҳсозӣ таъкид намуд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 3









