
Равшан Раҳимзода, -Раиси ноҳияи Айнӣ аз корҳои сохтмонии МТМУ-и №11-и деҳаи Фатмев дидан кард. Айни ҳол 70 фоизи корҳои сохтмонӣ анҷом ёфта, тибқи нақша то моҳи апрели соли 2026 иншоот пурра ба истифода дода мешавад.
Дар назди муассиса бо ибтикори МИҲД-и ноҳия майдони Парчами давлатӣ, биноҳои хоҷагии ёрирасон, системаи гармидиҳӣ, инфрасохтори иловагӣ ва майдончаи варзишӣ бунёд мешавад.
Раиси ноҳия ба масъулони соҳаи меъморӣ дастур дод, ки корҳои сохтмониро суръат бахшида, сифат ва стандартҳои муосирро пурра риоя намоянд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 3









