
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ-и №29-и мавзеъи Дашти Конзари деҳаи Гузари Бод боздид намуд.
Бо ташаббуси МИҲД-и ноҳия бунёди 8 синфхонаи иловагӣ ба нақша гирифта шудаст, то хонандагони синфҳои болоӣ дигар маҷбур набошанд ҳар рӯз як километр роҳпаймоӣ кунанд.
Корҳо бо суръат идома доранд ва тасмим аст, ки то баҳори соли 2026 муассиса мавриди истифода қарор гирад. Барои муассиса системаи гармидиҳӣ ва шароити комилан замонавӣ пешбинӣ шудааст.
Раиси ноҳия пешниҳод кард, ки дар назди мактаб гулгашт ва майдончаи варзишӣ низ бунёд гардад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 5









