Хабарҳои руз

Боздид аз корҳои ободонӣ дар деҳаи Рарз

Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз рафти ободонӣ дар деҳаи Рарз боздид кард. Айни замон дар назди МТМУ-и №3 майдончаи варзишӣ бунёд мешавад.
Сокинон бо ҳашари дастаҷамъона корҳои гирдбасткунӣ ва панҷарабандиро ба роҳ мондаанд. Раиси ноҳия бо аҳолӣ мулоқот карда, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба онҳо расонид.
Дар мулоқот масъалаи ҳамдастии сокинон бо мақомоти иҷроия, инчунин пешниҳоди бунёди маркази фарҳангӣ-фароғатӣ, муассисаи томактабӣ, майдончаи варзишӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳим ба миён гузошта шуд.
Айни ҳол хонаҳои фарҳанг ва китобхона бо дастгирии МИҲД-и ноҳия пурра аз таъмири куллӣ бароварда, бо сифати баланд ба истифода дода мешаванд.
и ещё 8

Leave a Reply

Back to top button