
Дар ноҳияи Айнӣ маросими тантанавии қадрдонии иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон ватани азизи ман» баргузор гардид. Чорабинӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ва Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Санъат Асо дар фазои идона ва пуршукӯҳ доир шуд.
Зимни суханронии худ Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода таъкид намуд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон ватани азизи ман» яке аз иқдомҳои муҳими фарҳангиву маърифатӣ буда, дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ нақши муҳим мебозад. Ӯ саҳми иштирокчиёнро дар тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва муаррифии симои воқеии Ватани азизамон арзанда арзёбӣ кард.
Қайд гардид, ки иштирокчиёни озмун бо маҳорати баланд, ҷаҳонбинӣ ва ҳисси баланди масъулият асарҳо ва барномаҳои худро пешниҳод намуда, сазовори баҳои баланд гардидаанд. Раиси ноҳия зикр намуд, ки дастгирии ташаббусҳои эҷодии ҷавонон ва аҳли фарҳанг ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад.
Дар идомаи чорабинӣ Раҳим Санъат Асо баромад намуда, иштирокчиёнро бо дастовардҳояшон табрик гуфт ва изҳор дошт, ки баргузории чунин озмунҳо барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихор аз давлату миллат ва пос доштани муқаддасоти миллӣ аҳамияти махсус дорад.
Дар фазои тантанавӣ иштирокчиёни фаъоли озмун аз ҷониби Раиси ноҳияи Айнӣ бо Дипломҳо, Сипосномаҳо, Ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Қадрдонӣ ҳамчун нишони эътирофи заҳмат, истеъдод ва саҳми онҳо дар рушди ҳаёти фарҳангии ноҳия арзёбӣ гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид шуд, ки чунин иқдомҳо минбаъд низ идома ёфта, барои ҷалби бештари ҷавонон ба фаъолияти эҷодӣ, баланд бардоштани завқи бадеӣ ва таҳкими пояҳои маънавии ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 8










