
Дар маркази ноҳияи Айнӣ бо иштироки Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Санъат Асо, инчунин намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд — сардори Минтақаи озоди иқтисодии вилояти Суғд Муҳаммадҷон Муҳаммадзода, сехи нави мебелбарорӣ ва дуредгарӣ расман ба фаъолият оғоз намуд.
Корхонаи мазкур бо ташаббуси сокини деҳаи Айнӣ Эраҷ Бекназаров таъсис ёфта, дар марҳилаи аввал барои шаш нафар сокини маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ фароҳам овард. Ифтитоҳи ин корхона дар доираи сиёсати давлат оид ба рушди соҳибкории хурду миёна, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини бозор бо маҳсулоти ватанӣ амалӣ гардидааст.
Зимни ифтитоҳ Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода иброз дошт, ки таъсиси чунин корхонаҳои истеҳсолӣ дар ноҳия ба рушди иқтисоди маҳаллӣ, коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд. Ӯ ташаббуси соҳибкорро намунаи ибрат арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия минбаъд низ аз соҳибкорони ватанӣ ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳад кард.
Гуфта шуд, ки корхонаи мебелбарорӣ ва дуредгарӣ ба истеҳсоли намудҳои гуногуни мебел, аз ҷумла мизи корӣ, курсиҳо, шкафҳо, ҷойхобаҳо, мебели хонагӣ, офисӣ ва мактабӣ машғул буда, ҳамчунин корҳои гуногуни дуредгарӣ — буридан, шакл додан, кандакорӣ, сайқалдиҳӣ, рангубор ва васлкунии чӯбро анҷом медиҳад. Дар истеҳсолот аз чӯби табиӣ, фанер, ДСП ва дигар маводҳои муосир истифода бурда мешавад.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Санъат Асо зимни суханронӣ зикр намуд, ки рушди чунин корхонаҳо ба татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла саноатикунонии босуръат ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ мусоидат менамояд. Ӯ ба сифати маҳсулот ва шароити кор дар сех баҳои баланд дод.
Дар идомаи чорабинӣ ҳайати расмӣ аз маҳсулоти тайёркардаи коргарони сех дидан намуда, сифати онҳо, тарҳу услуб ва ҷавобгӯ буданашон ба талаботи бозорро мусбат арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки чунин корхонаҳо метавонанд дар оянда фаъолияти худро густариш дода, шумораи ҷойҳои кориро зиёд намоянд.
Ифтитоҳи сехи нави мебелбарорӣ ва дуредгарӣ дар ноҳияи Айнӣ боз як қадами устувор дар роҳи рушди истеҳсолоти дохилӣ, таҳкими иқтисоди маҳаллӣ ва баланд бардоштани иқтидори саноатии ноҳия ба ҳисоб меравад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 12










