Хабарҳои руз

Чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ таҳти унвони “Манфиатҳои сарфаи қувваи барқ” дар ноҳияи Айнӣ

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва иҷрои супоришҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокуратураи вилояти Суғд, дар ноҳияи Айнӣ чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботӣ таҳти унвони «Манфиатҳои сарфаи қувваи барқ» роҳандозӣ гардиданд.
Дар доираи ин тадбирҳо кормандони прокуратураи ноҳияи Айнӣ дар байни аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо, марказҳои савдою хизматрасонӣ ва маҳаллаҳои дурдаст корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, то имрӯз зиёда аз 1200 варақаи иттилоотӣ тақсим намуданд. Ҳадаф, баланд бардоштани маданияти истифодаи нерӯи барқ ва ташвиқи истифодаи оқилонаи он мебошад.
Ҳамзамон, бо ташаббуси Прокуратураи ноҳияи Айнӣ вохӯриҳои махсус оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ баргузор мегарданд. Дар мулоқотҳо муфаттиши прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 1 Султонзода А.Ю., намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва масъулони соҳаи энергетика иштирок намуда, бо сокинон суҳбати озод анҷом медиҳанд.
Зимни вохӯриҳо таъкид мегардад, ки истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ амали хилофи қонун буда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ мегардад. Дар баробари ин, масъулон иброз медоранд, ки ҳадафи асосии чунин мулоқотҳо пешгирӣ ва огоҳонӣ мебошад.
Чорабиниҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ дар ҷамоату маҳаллаҳои ноҳияи Айнӣ идома дошта, ба таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва таъмини амнияти энергетикии кишвар равона мегарданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 21

Leave a Reply

Back to top button