
Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ ҷиҳати расонидани нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз дар маркази ноҳияи Айнӣ бо иштироки роҳбарияти ноҳия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолону сокинон, занон ва ҷавонони Ҷамоати деҳоти Айнӣ вохӯрии судманд баргузор гардид.
Ҳамоишро муовини раиси ноҳияи Айнӣ Фарҳод Мукаррамзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими сиёсиву стратегӣ самтҳои асосии рушди кишварро муайян намуда, барои тамоми қишрҳои ҷомеа роҳнамои фаъолияти минбаъда маҳсуб меёбад.
Сипас, сухан ба сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ Алиҷон Рауфзода дода шуд.
Алиҷон Рауфзода дар баромади худ тамоми масъалаҳои дар Паёми Сарвари давлат ироашударо муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки омӯзиши амиқ ва татбиқи амалии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванд мебошад. Ӯ махсусан ба мавзӯъҳои ҳифзи пиряхҳо ҳамчун сарчашмаи асосии об, истифодаи зеҳни сунъӣ, рақамикунонии соҳаҳо, рушди технологияҳои муосир ва истифодаи самараноки имкониятҳои рақамӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Зикр гардид, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва амнияти комил зиндагӣ мекунанд ва ин неъматро бояд махсусан ҷавонон қадр намоянд. Ҷавонон бояд ба Ватан содиқ буда, масъулияти ояндаи миллату давлатро аз имрӯз эҳсос намоянд, донишу малакаи замонавӣ омӯзанд ва барои пешрафти кишвар саҳмгузор бошанд. Ҳамчунин ба омӯзгорон таъкид карда шуд, ки ба донишҳои муосир, технологияҳои нав ва тарбияи насли худогоҳу ватандӯст аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.
Сардори шуъба ҳамчунин иброз дошт, ки соли 2026 соли вусъати корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин замина, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бояд тамоми сокинон барои ободонии Ватан саҳми арзанда гузоранд.
Дар идомаи суханронӣ таъкид гардид, ки дар шароити кунунӣ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии шаҳрвандон талаботи замон аст. Бетарафӣ нисбат ба масъалаҳои ҷомеа метавонад ба амният ва оромии кишвар таъсир расонад. Аз ин лиҳоз, ҳамкории зичи ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла милитсия, ба таҳкими суботу амният мусоидат менамояд. ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ ҳамеша дар хизмати мардум буда, омода аст дархосту пешниҳодҳои шаҳрвандонро шабонарӯзӣ баррасӣ намояд.
Ҳамчунин ба масъалаҳои амният, пешгирии ҷинояткорӣ, мубориза бо қонуншиканиҳо, тақвияти корҳои профилактикӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва хизмати содиқонаи ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки хизмати ҳарбӣ мактаби мардонагӣ ва ифодаи садоқат ба марзу буми кишвар мебошад.
Сипас, муовини раиси ноҳияи Айнӣ Фарҳод Мукаррамзода баромад намуда, иброз дошт, ки соҳаҳои маориф, фарҳанг, иқтисод ва саноат дар рушди устувори давлат нақши калидӣ доранд. Ӯ зарурати татбиқи самараноки барномаҳои давлатӣ, рушди инфрасохтор, таъмини устувори неруи барқ, баланд бардоштани маданияти истифодаи қувваи барқ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва корҳои ободониро муҳим арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин ба ҳифзу эҳёи фарҳанги миллӣ, тарғиби либосҳои миллӣ, баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа ва саҳми онҳо дар тарбияи насли наврас таъкид гардид. Занон ҳамчун пояи оила ва ҷомеа дар ташаккули ахлоқ, маънавиёт ва ватандӯстии фарзандон нақши муассир доранд.
Дар фарҷоми ҳамоиш суҳбати озоду самимӣ баргузор гардида, иштирокчиён оид ба масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, расонидани кӯмак ба аҳолӣ ва ҳамкории мутақобила бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фикру пешниҳодҳои худро баён намуданд. Алиҷон Рауфзода бори дигар таъкид кард, ки вазифаи асосии мақомоти корҳои дохилӣ хизмат ба халқ, таъмини амният ва оромии ҷомеа мебошад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 15










