
Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода маҷлиси васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2025 баргузор гардид.
Дар маҷлис намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Санъат Асо, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд — сардори минтақаи озоди иқтисодии вилояти Суғд Муҳаммадҷон Мухаммадзода, инчунин раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва маориф, хоҷагиҳои деҳқонӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар фаъолон иштирок намуданд.
Аз рӯи масъалаи рӯзномаи маҷлис — «Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Айнӣ дар соли 2025» муовини раиси ноҳия Фарҳод Мукаррамзода маърӯза намуда, натиҷаҳои асосии фаъолияти соҳаҳоро мавриди таҳлил қарор дод.
Сипас, Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода бо таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолияти соҳаҳои гуногун баромад намуда, аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳо вобаста ба бурду бохти фаъолияти онҳо дар соли 2025 пурсиш ба амал овард.
Зимни баромад таъкид гардид, ки дар соли ҷорӣ бо ташаббуси раиси ноҳия 10 грант барои дастгирӣ ва рушди ҳунаромӯзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷудо гардида, ба рушди ин самт таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Дар самти рушди варзиш ба масъулон дастур дода шуд, ки фаъолияти муассисаҳои варзиширо тақвият бахшида, варзишгаронро барои иштирок дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ омода намоянд ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ баланд бардоранд.
Ба масъалаи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи марзу буми кишвар ва рушди арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, таъкид шуд, ки ояндаи миллату давлат аз фаъолияти созандаи ҷавонон вобаста аст.
Дар соҳаи саноат масъалаҳои зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар самти кишоварзӣ ҳисоботи сардори Раёсати кишоварзии ноҳия шунида шуда, барои беҳтар намудани нишондиҳандаҳо, азхудкунии заминҳои нав, таъсиси боғҳои нав ва зиёд намудани кишти зироатҳо, махсусан картошка, тавсияҳо дода шуданд. Аз ҷумла, ба роҳ мондани кишти барвақтии картошка дар баҳори соли 2026 ва зиёд намудани майдони кишти он таъкид гардид.
Дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон иттилоъ дода шуд, ки шумораи иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 735 адад расонида шуда, нисбат ба нақша 140 иншоот изофа гардидааст.
Соҳаи маориф низ мавриди таҳлил қарор гирифта, қайд гардид, ки дар соли 2025 дар муассисаҳои таълимии ноҳия 48 кабинети фаннӣ ташкил шудааст.
Дар соҳаи тандурустӣ дастгирии мақомоти маҳаллӣ ҷиҳати муҷаҳҳазгардонии муассисаҳо, бунёди иншооти нав ва беҳтар шудани шароити хизматрасонӣ зикр гардид.
Зикр гардид, ки ҳамаи масъалаҳои баррасишуда дар ҷаласа барои раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ аҳамияти муҳим дошта, татбиқи онҳо дар маҳалҳо бояд таъмин гардад.
Дар анҷом намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Санъат Асо ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муҳаммадҷон Мухаммадзода баромад намуда, ба фаъолияти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия баҳои мусбат дода, ҷиҳати пешрафти минбаъдаи ҳар як соҳа пешниҳод ва тавсияҳои судманд ироа намуданд.
Дар сухани хотимавӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода иброз дошт, ки роҳбарияти ноҳия барои бартараф намудани ҳамаи камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар фарҷоми ҷаласа ғолибони озмуни «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» бо Диплом ва мукофоти пулӣ ҳавасманд гардиданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 34










