
Дар Вилояти Суғд натиҷаҳои озмуни вилоятии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» ҷамъбаст гардида, ғолибон аз рӯйи номинатсияҳои гуногун муайян ва қадрдонӣ карда шуданд.
Боиси ифтихор аст, ки дар бахши «Ноҳияи беҳтарин» Ноҳияи Айнӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.
Ба ин муносибат, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода диплом ва мукофоти пулӣ тақдим намуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ин дастоварди муҳимро ба тамоми сокинон, аҳли заҳмат, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша самимона табрик гуфта, барои саҳми арзанда дар рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия изҳори сипос менамояд. Ҳамзамон, барои дастгириву роҳнамоиҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳу пуштибонии доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд миннатдории самимӣ баён мегардад.
Бо итминони комил иброз медорем, ки дар соли 2026 — «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ва ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокинони ноҳияи Айнӣ сарҷамъона ва бо азму иродаи қавӣ ҷиҳати татбиқи нақшаву барномаҳои давлатӣ, таҳкими ободонӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ боз ҳам бештару беҳтар ба халқу Ватан содиқона хизмат хоҳанд кард.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 68










