
14 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Айнӣ бо рафти корҳои сохтмонии корхонаи нави Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Талко Голд” шинос гардид.
Зимни боздид зикр шуд, ки солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои пайгиронаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд соҳаи саноати кӯҳӣ дар ноҳияи Айнӣ рӯ ба рушд оварда, дар ин замина як қатор корхонаҳои бузурги саноатӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудааст. ҶСП “Талко Голд” низ аз ҷумлаи чунин корхонаҳо ба ҳисоб рафта, дар тӯли чор соли фаъолият ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардидааст.
Таъкид шуд, ки роҳбарияти корхона нақша дорад саҳми худро дар рушди соҳаи саноат боз ҳам афзоиш дода, ҳаҷми истеҳсолро марҳила ба марҳила зиёд намояд. Пешрафти соҳаи саноат, пеш аз ҳама, ба рушди иқтисодиёти ноҳияи Айнӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар назди ҶСП “Талко Голд” бо мақсади истеҳсоли сурма то марҳилаи ниҳоӣ корхонаи нави металлургӣ бо иқтидори қабул ва коркарди то 20 ҳазор тонна ашёи хом дар як сол дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Ба гуфтаи масъулини корхона тамоми таҷҳизоти истеҳсолӣ бо ҷалби мутахассисон насб ва ба истифода омода гардидааст.
ДАР корхонаи навбунёд, ҳамзамон бо насби таҷҳизоти асосӣ, чор печи муосири истеҳсолӣ насб мегардад, ки ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ буда, имконият медиҳад маҳсулоти ниҳоӣ — сурма бо сифати баланд истеҳсол карда шавад.
Қайд гардид, ки маҳсулоти корхонаи мазкур пурра ба содирот нигаронида шуда, ба баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва рушди иқтисодиёт мусоидат хоҳад кард.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба роҳбарияти корхонаи муштараки “Талко Голд”, масъулин ва раиси ноҳияи Айнӣ ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои боқимонда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, фароҳам овардани шароити муосири меҳнат ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ бо сифати баланд дастуру супоришҳои мушаххас дод.





и ещё 17
Все реакции:
Ehson Abbos, Arafat Fathullozoda и ещё 71










