Хабарҳои руз

Дар минтақаи Искандаркӯл ба бунёди иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд

Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар мавзеи сайёҳии Искандаркӯл, воқеъ дар ноҳияи Айнӣ бо ташаббуси соҳибкорони ватандӯст сохтмони иншооти наву замонавии соҳаи сайёҳӣ оғоз гардид.
Маросими гузоштани санги асоси иншоот рӯзи 14 январ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода баргузор шуд.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи иншооти бунёдшаванда роҳбари вилоят таъкид намуд, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисод ба ҳисоб рафта, татбиқи чунин лоиҳаҳо дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад.
Ба гуфтаи Раиси вилоят дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмону навсозии инфрасохтори сайёҳӣ бо маром идома дошта, сатҳи хизматрасонӣ ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ сол ба сол беҳтар мегардад.
Таъкид гардид, ки сулҳу суботи кишвар, рушди соҳаҳои хоҷагии халқ ва бунёди иншооти муосир дар ҳудуди вилоят имкон фароҳам овардааст, то шумораи меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ афзоиш ёбад, ки ин раванд на танҳо ба рушди соҳаи сайёҳӣ, балки ба таҳкими иқтисоди миллӣ низ мусоидат мекунад.
Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхона дар мавзеи Искандаркӯли Ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ дар масоҳати 1,08 гектар бунёд мегардад. Лоиҳа сохтмони се бинои сеошёнаи хизматрасонӣ, панҷ бинои якошёна, таваққуфгоҳ, майдончаи варзишӣ, тарабхона ва қаҳвахона, ҷойҳои сайругашт, майдончаи бозии кӯдакон ва дигар инфрасохтори заруриро дар бар мегирад.
Бунёди иншооти мазкур қадами муҳиму саривақтӣ дар самти рушди устувори сайёҳӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилояти Суғд арзёбӣ мегардад.
и ещё 14
Все реакции:

Arafat Fathullozoda, Boki Sharifzoda и ещё 309

Leave a Reply

Back to top button