
Дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои муҳими рушди соҳаи саноат, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саҳмгузорӣ дар саноатикунонии босуръати кишвар ва татбиқи нақшаҳои нави истеҳсолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иброз дошт, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар саноатикунонии босуръати мамлакат, дар вилояти Суғд бунёд ва ба истифода додани беш аз 700 корхонаи саноатӣ бо таъсиси зиёда аз 14 ҳазор ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Тибқи барнома ҳамасола корхонаҳои нави истеҳсолӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Зикр гардид, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» яке аз калонтарин корхонаҳои соҳаи саноати кӯҳӣ дар ноҳияи Айнӣ ба ҳисоб рафта, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Натиҷаҳои фаъолияти шашсолаи корхона гувоҳи рушди устувори соҳаи саноати кӯҳӣ дар вилояти Суғд мебошанд. Танҳо дар соли 2025 корхона ба маблағи зиёда аз 2,4 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудааст.
Масъулини корхона таъкид доштанд, ки бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёди корхонаҳои нав, ба истифода додани хатҳои нави истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд.
Дар ҷараёни мулоқот Раиси вилояти Суғд таваҷҷуҳи роҳбарият ва кормандони ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ»-ро ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла истифодаи оқилона ва босамари захираҳои табиӣ, иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумат, беҳтар намудани шароити меҳнат, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва иҷрои уҳдадориҳои истеҳсолӣ ҷалб намуд.
Тибқи уҳдадориҳои ба зиммагирифта, дар соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхона то 3,1 миллиард сомонӣ расонида мешавад. Роҳбарияти корхона аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр карданд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурнигаронаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин ҳамкориҳо дар ҳамаи самту соҳаҳо пайваста рушд меёбанд. Ин раванд боиси афзоиши ҳавасмандии сармоягузорон гардида, барои татбиқи ҳадафҳои муштарак заминаи мусоид фароҳам меорад.



Все реакции:
Avezzoda Faridun, Nargis Shonazarova и ещё 121










