
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки Тоҷикистону Амрико «Анзоб» мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи саноат, нақши корхонаҳои истеҳсолӣ дар татбиқи корҳои ободониву созандагӣ ва иҷрои ҳадафҳои стратегӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки рушди устувори соҳаи саноат омили муҳимми пешрафти иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи муштараки Тоҷикистону Амрико «Анзоб» соли 2025-ро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намудааст. Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ дар корхона ба маблағи 3 миллиарду 894,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст. Тибқи уҳдадориҳои ба зиммагирифта, роҳбарияти корхона ният дорад, ки дар соли 2026 ҳаҷми истеҳсолотро то 4,7 миллиард сомонӣ расонад.
Масъулини корхона зимни мулоқот иброз доштанд, ки дар тӯли фаъолияти худ ҳамеша дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукуматро эҳсос намуда, дар навбати худ бо саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ ва татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ ба рушди минтақа саҳм мегузоранд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода фаъолияти корхонаро мусбат арзёбӣ намуда, ҷиҳати идомаи корҳои созанда, афзоиши истеҳсолот ва истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда тавсияҳои мушаххас дод.
Сипас, роҳбари вилоят бо масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширкати металлургии Анзоб” мулоқот анҷом дод.
“Ширкати металлургии Анзоб” уҳдадор шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро дар соли равон ба 6,6 миллиард сомонӣ расонад.
Мавриди зикр аст, ки соли гузашта дар корхона ба маблағи 5 миллиарду 319 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида буд, ки аз афзоиши мунтазами иқтидори истеҳсолӣ шаҳодат медиҳад.



Все реакции:
Shomirov Bahman, Гулчехра Саадуллоева и ещё 72










