
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода масъулини Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Талко Голд”-ро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот роҳбари вилоят аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои баланд, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, тақвияти дастовардҳо дар соҳаи саноат ва татбиқи нақшаҳои рушди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ёдовар гардид.
Таъкид шуд, ки ба рушди соҳаи саноат ҳамчун омили муҳими пешрафти иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Талко Голд” яке аз корхонаҳои муваффақи ноҳияи Айнӣ арзёбӣ гардида, ба масъулини он ҷиҳати фаъолона иштирок намудан дар корҳои ободониву созандагии ноҳия супоришҳои мушаххас дода шуд.
Зикр гардид, ки солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои пайвастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд соҳаи саноати кӯҳӣ дар ноҳияи Айнӣ рушд ёфта, дар ин замина як қатор корхонаҳои бузурги саноатӣ бунёд ва ба истифода дода шудаанд. Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Талко Голд” низ аз ҷумлаи чунин корхонаҳо маҳсуб ёфта, тайи чор соли фаъолияти худ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Масъулини корхона иброз доштанд, ки бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ният доранд саҳми худро дар рушди соҳаи саноат бештар намуда, нишондиҳандаҳои истеҳсолиро марҳила ба марҳила афзун созанд. Таъкид гардид, ки пешрафти соҳаи саноат ба рушди иқтисодиёти ноҳияи Айнӣ, фароҳам гардидани ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Дар рафти мулоқот ҳамчунин уҳдадориҳои нави истеҳсолӣ барои Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Талко Голд” муайян карда шуданд. Корхона уҳдадор гардид, ки соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 2 миллиард сомонӣ расонида, саҳми худро дар корҳои ободониву созандагӣ боз ҳам бештар намояд.
Дар навбати худ, масъулини Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Талко Голд” барои дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати саҳмгузории фаъолона дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат баён доштанд.




Все реакции:
Бозориён Сорбон, Fuzailiddin Sultonov и ещё 113










