Хабарҳои руз

Тозакории умумӣ дар Ноҳияи Айнӣ

Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати санитарӣ, ободонӣ ва зебоии муҳити зист дар ноҳияи Айнӣ корҳои тозакории умумӣ ба роҳ монда шуданд. Дар доираи ин иқдом тоза намудани шафати Шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, ҷӯйборҳои назди роҳҳои мошингард, атрофи ташкилоту муассисаҳо ва ҳамчунин назди хонаҳои истиқоматӣ анҷом дода шуд.
Дар раванди тозакории умумӣ кормандони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони идораҳои давлатӣ, корхонаҳо ва сокинони фаъоли ноҳия дастаҷамъона иштирок намуда, саҳми арзандаи худро дар ободонии маҳалли зист гузоштанд. Ҳангоми корҳои тозакорӣ партовҳо ҷамъоварӣ гардида, алафҳои бегона тоза карда шуданд ва ҷӯйборҳо аз лойу партовҳо поксозӣ гардиданд.
Ташкили чунин корҳои ҷамъиятӣ на танҳо ба беҳдошти муҳити зист мусоидат мекунад, балки ҳисси масъулиятшиносӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва фарҳанги тозагиро дар байни аҳолӣ боз ҳам тақвият мебахшад. Масъулон таъкид намуданд, ки корҳои ободониву тозакорӣ минбаъд низ ба таври мунтазам идома ёфта, саҳми ҳар як сокин дар нигоҳдории тозагӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 27

Leave a Reply

Back to top button