Хабарҳои руз

Паёми пешбарандаи ҷомеа

Бо мақсади расонидани нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи амалии сиёсати давлату ҳукумат, вохӯрии сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ — Алиҷон Рауфзода бо фаъолон ва сокинони Ҷамоати деҳоти Дар-Дар баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ Алиҷон Рауфзода доир ба масъалаҳои муҳими таъмини амнияту осоиштагӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ибрози андеша намуд. Таъкид гардид, ки вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пеш аз ҳама пешгирии ҷинояткорӣ буда, на ҷазодиҳии фарзандони миллат, балки роҳнамоии онҳо ба роҳи рост ва тарбияи шаҳрвандони масъулиятшинос мебошад.
Сардори ШВКД ҳамчунин ба масъалаҳои рушди технологияҳои рақамӣ, истифода ва татбиқи зеҳни сунъӣ, таъсиси маркази минтақавии зеҳни сунъӣ, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар дар арсаи байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои устувор ба сӯи пешрафт дар соҳаи технологияҳои рақамӣ мегузорад ва омӯзиши илмҳои дунявӣ омили муҳими рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар идома масъалаҳои рушди деҳот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, рушди соҳибкорӣ, худдорӣ аз сафарҳои бемаънӣ ба кишварҳои дигар ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагии Ватан мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Гуфта шуд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳадафи асосии давлат буда, беҳтар гардидани маош ва шароити зиндагӣ рӯз ба рӯз эҳсос мегардад.
Ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2026 ҳамчун соли вусъати корҳои ободонию созандагӣ арзёбӣ гардида, ба масъалаҳои пешгирии савдои кӯчагӣ, таъмини ҳаракати бемалоли нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе–Самарқанд ва нақши милитсия ҳамчун сипари боэътимоди халқу давлат таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин муовини раиси ноҳияи Айнӣ — Фарҳод Мукаррамзод баромад намуда, аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши муассисаҳои таълимӣ дар ояндаи кишвар, зарурати кору фаъолият дар Ватан ва рушди саноати маҳаллиро муҳим арзёбӣ кард. Ӯ зикр намуд, ки имрӯз дар ноҳия як қатор корхонаҳои саноатӣ фаъолият дошта, сокинонро бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин менамоянд.
Инчунин аз дастовардҳои муҳими ҷамоат, аз ҷумла ифтитоҳи клуби деҳа ба номи шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи матни Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Хайробод, рушди фарҳанг, болоравии маърифати экологӣ ва тозагии муҳити зист ёдоварӣ гардид.
Дар баромадҳо ба риояи қонунҳои амалкунанда, пешгирии исрофкорӣ ва сарфакориҳои бемаънӣ, истифодаи дурусти интернет, ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва истифодаи босамари технологияҳои муосир таъкид карда шуд.
Дар фарҷом суҳбати озоду самимӣ баргузор гардида, маъракаи саволу ҷавоб дар рӯҳияи ватандӯстӣ доир шуд. Собиқадор Иззатулло Қудратов аз деҳаи Кум ва дигар иштирокчиён иброз доштанд, ки дар тарбияи насли наврас, роҳнамоии онҳо ба роҳи рост ва корҳои ободонию созандагӣ саҳми фаъол мегузоранд.
Барномаи вохӯрӣ бо қироати шеърҳои ватандӯстона ва васфи Ватан ҷамъбаст гардид.
Дар анҷоми вохӯрӣ Раиси Ҷамоати деҳоти Дар-Дар Саъдӣ Ҳоҷизода баромад намуда, таъкид кард, ки чунин мулоқотҳо дар таҳкими робитаи давлат бо ҷомеа, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолӣ ва татбиқи амалии ҳадафҳои Паёми Пешвои миллат нақши муҳим доранд. Ӯ зикр намуд, ки сокинони ҷамоат ҳамеша сиёсати созандаи давлату Ҳукуматро ҷонибдорӣ намуда, дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, корҳои ободонию созандагӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Саъдӣ Ҳоҷизода ҳамчунин омодагии мақомоти ҷамоатро ҷиҳати ҳамкории зич бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои таълимӣ ва фаъолони маҳаллӣ барои таъмини амнияту субот, рушди деҳот, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда, дар анҷом ба ҳамаи иштирокчиён барои иштироки фаъолона изҳори сипос кард ва ҳамагонро ба ваҳдат, масъулиятшиносӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан даъват намуд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 19

Leave a Reply

Back to top button