Хабарҳои руз

Семинари бозомӯзӣ

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои бозомӯзии мутахассисони хоҷагиҳои кишоварзии вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар давраи зимистони соли 2026, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бозомӯзии роҳбарону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ дар мавзӯи «Таъмини рушди устувори соҳаҳои мухталифи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва чорабиниҳо оид ба коҳиш додани он дар истеҳсолоти хоҷагиҳои кишоварзӣ» доир шуда, бо иштироки муовини якуми Раиси ноҳияи Айнӣ Суҳроб Раҳматзода баргузор гашт.
Дар бозомӯзӣ намояндагон аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, аз ҷумла раисони ҷамоатҳо, сармутахассисону муҳандисони заминсоз, мутахассисони пешбар оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои кишоварзӣ, инчунин раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ иштирок намуданд. Ҳамзамон, намояндагони Кумитаи идораи замин, директори КВД БММҒМ-и ноҳия, сардори МТБО ва намояндагони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ дар чорабинӣ ҳузур доштанд.
Зимни бозомӯзӣ мутахассисони соҳа бо маърӯзаҳо ва баромадҳои илмӣ-амалӣ дар мавзӯъҳои муҳим баромад карданд. Аз ҷумла, нақши тухмипарварӣ ва корҳои селексионӣ дар баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ дар шароити тағйирёбии иқлим, парвариши зироатҳои сабзавотӣ ва картошка дар заминҳои кушод ва гармхонаҳо, рушди соҳаи чорводорӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, технологияи бунёди боғу токзор ва лимухонаҳои замонавӣ, моҳияти зотпарварӣ ва бордоркунии сунъии чорво, инчунин аҳамияти шӯршӯӣ барои баланд бардоштани ҳосилхезии хок мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар бахши чорводорӣ ба иштирокчиён оид ба аҳамияти соҳа, нигоҳдории дурусти чорвои хонагӣ, истифодаи самараноки чарогоҳҳо ва парвариши чорво дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ маслиҳатҳои муфид дода шуд. Таъкид гардид, ки парвариши чорво дар хона метавонад аҳолиро бо гӯшту шир, равған ва дигар маҳсулоти зарурӣ таъмин намояд. Ҳамчунин, масъалаи солимии чорво мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифта, зарурати пешгирии бемориҳо тавассути эмгузаронӣ, аз ҷумла бемориҳои сироятӣ ба мисли брутселлёз, таъкид шуд.
Дар самти кишоварзӣ мутахассисон оид ба истифодаи дурусти замин, интихоби тухмии босифат, кишти барвақтӣ, кишти ғалладонагиҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ, инчунин парвариши дурусти картошка тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд.
Сардори Раёсати кишоварзии ноҳия зимни баромади худ вобаста ба мавзӯҳои баррасишуда изҳори андеша намуда, зарурати татбиқи донишҳои муосир ва технологияҳои навро дар истеҳсолоти кишоварзӣ муҳим арзёбӣ кард.
Дар фарҷоми чорабинӣ муовини якуми Раиси ноҳияи Айнӣ Суҳроб Раҳматзода аз номи Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста рушд ёфта, таъмини амнияти озуқавории кишвар яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ба шумор меравад. Ӯ баргузории чунин бозомӯзиҳоро барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи мутахассисон, мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим ва рушди устувори соҳаи кишоварзӣ бисёр муҳим арзёбӣ намуд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 17

Leave a Reply

Back to top button