Хабарҳои руз

ИҶЛОСИЯИ ПАНҶУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ АЙНӢ (ДАЪВАТИ ҲАФТУМ) БАРГУЗОР ГАРДИД

11 марти соли 2026 дар толори калони маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ (даъвати ҳафтум) баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Тоҳирҷон Толибзода, инчунин вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия иштирок намуданд.
Ҳамзамон дар иҷлосия роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сардухтурони беморхонаҳои марказӣ ва минтақавӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳузур доштанд.
Зимни иҷлосия тибқи рӯзнома як қатор масъалаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
1. Ҳисоботи раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба натиҷаҳои интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ба ҷои вакилони хориҷшуда;
2. Дар бораи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030»;
3. Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ аз 26 декабри соли 2025, №70 «Дар бораи қабули буҷети ноҳияи Айнӣ барои соли 2026»;
4. Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, ҳифзи табиат, масоили оила ва занон;
5. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии «Махшевад» №34 Шарифзода Н. А. дар бораи иҷрои ваколати вакилиаш;
6. Ҳисоботи муовини комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳ вобаста ба нархгузорӣ ва тартиби истифодаи чарогоҳҳо;
7. Дар бораи тасдиқи Низомномаи комиссияи доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия;
8. Тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳия.
Дар ҷараёни муҳокимаҳо намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Тоҳирҷон Толибзода баромад намуда, оид ба масъалаҳои баррасишуда андешаҳои худро иброз дошт.
Дар анҷоми иҷлосия Раиси ноҳия ҳамаи иштирокчиёнро даъват намуд, ки бо ҳисси баланди масъулият, ҳамдилӣ ва меҳнати содиқона барои рушди минбаъда ва ободии ноҳияи Айнӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.
Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ (даъвати ҳафтум) ҳамон рӯз кори худро ба анҷом расонид.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 41

Leave a Reply

Back to top button