
Муҳтарам кормандон ва собиқадорони мақомоти прокуратура!
Бо камоли эҳтиром Шумоёнро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва аз номи тамоми сокинони ноҳия ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура самимона табрик ва таҳният менамоям.
Мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқ ба шумор рафта, дар таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини адолат ва суботи ҷомеа нақши басо арзанда доранд. Фаъолияти масъулиятноки кормандони ин ниҳод ба таҳкими қонуният, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.
Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, таъмини волоияти қонун ва адолат яке аз шартҳои асосии рушди давлат ва ҷомеаи муосир мебошад. Дар ин раванд нақши кормандони мақомоти прокуратура басо муҳим буда, фаъолияти содиқонаву касбии Шумо дар таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату ҷомеа саҳми назаррас мегузорад.
Боиси қаноатмандист, ки кормандони прокуратураи ноҳияи Айнӣ низ бо масъулиятшиносӣ, садоқат ба савганди хизматӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ барои ҳифзи қонуният ва адолат талош менамоянд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳамаи Шумо — кормандон ва собиқадорони мақомоти прокуратура — саломатии бардавом, нерӯи тоза, сарбаландӣ дар иҷрои вазифаи пурмасъули давлатӣ ва дар фаъолияти минбаъда комёбиҳои нав ба нав орзу менамоям.
Бигзор ҳамеша дар роҳи ҳифзи қонун, адолат ва манфиатҳои давлату ҷомеа муваффақ бошед.
Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура муборак бошад!










