
14-уми март дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарияти ташкилоту муассисаҳо, собиқадорон ва намояндагони соҳаҳои гуногун иштирок намуданд.
Нахуст, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ҳозирин ва кормандони мақомоти прокуратураро ба муносибати иди касбиашон табрик намуда, аз нақши муҳими ин ниҳод дар ҳифзи қонуният, таъмини адолат ва суботи ҷомеа ёдовар шуд. Зикр гардид, ки мақомоти прокуратура дар низоми давлатдорӣ мавқеи хос дошта, барои иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва манфиатҳои давлату ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз мақомоти прокуратура дар таҳкими давлатдории миллӣ, волоияти қонун ва мубориза бо ҷинояткорӣ, коррупсия ва дигар қонуншиканиҳо фаъолияти самаранок анҷом медиҳанд. Ҳамчунин иброз гардид, ки кормандони соҳа бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба савганди касбӣ барои таъмини тартибот ва оромии ҷомеа шабонарӯзӣ заҳмат мекашанд.
Сипас, прокурори ноҳияи Айнӣ, мушовири адлияи дараҷаи 2 Саидҷамол Ҷалолзода оид ба таърихи таъсис ва рушди мақомоти прокуратура, тағйиру иловаҳо дар фаъолияти соҳа, нақши он дар даврони Истиқлоли давлатӣ ва саҳми кормандони прокуратура дар таъмини волоияти қонун суханронӣ намуд. Ӯ инчунин аз фаъолияти прокуратураи ноҳия ва талошҳои кормандон дар ҳифзи қонуният ва таъмини амнияти кишвар ёдовар гардид.
Дар идома сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ Алиҷон Рауфзода, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ Азизҷон Ҳусейнзода, раиси Шӯрои собиқадорони меҳнати ноҳия Абдушукур Хокирозода ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия Абдусалом Раҷабзода низ суханронӣ намуда, кормандони мақомоти прокуратураро бо иди касбиашон табрик гуфтанд ва ба фаъолияти пурмасъулияти онҳо баҳои баланд доданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор кормандони мақомоти прокуратура барои хизмати софдилона ва саҳми арзандаашон дар таҳкими қонуният бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ қадрдонӣ гардиданд.
Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва эҳтироми баланд нисбат ба кормандони мақомоти прокуратура ҷамъбаст шуд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 29









