Хабарҳои руз

Тантанаҳои Наврӯзӣ дар қисми ҳарбии ноҳияи Айнӣ

Дар доираи таҷлили бошукӯҳи Иди байналмилалии Наврӯз дар яке аз қисмҳои ҳарбии ноҳияи Айнӣ чорабинии идона бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни суханронии худ сарбозону афсарони қисми низомиро ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯз самимона табрик намуда, таъкид дошт, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат, рамзи сулҳу ваҳдат, дӯстиву бародарӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ мебошад. Зикр гардид, ки дар замони муосир ҳифзи амният ва суботи кишвар аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар як хизматчии ҳарбӣ ба шумор рафта, саҳми онҳо дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва оромии ҷомеа ниҳоят муҳим аст.
Қайд карда шуд, ки сарҳади давлатӣ ҳамчун марзи муқаддаси Ватан таҳти ҳимояи ҷасуронаи фарзандони содиқи миллат қарор дошта, таъмини амнияти он омили асосии рушди устувори кишвар ва зиндагии осоиштаи мардум мебошад. Аз ин лиҳоз, хизмати содиқона ва масъулиятшиносии ҳар як сарбозу афсар кафили сулҳу субот ва амнияти миллӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ карда шуд, ки таъкид менамоянд: «Хизмат ба Ватан – Модар қарзи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу номус буда, ҳифзи марзу буми он вазифаи шарафманд ва пурифтихор мебошад». Инчунин Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ки танҳо дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ метавон арзишҳои фарҳангӣ, аз ҷумла Наврӯзи аҷдодиро бо шаҳомати хоса таҷлил намуд.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ туҳфаҳои хотиравии идона тақдим гардида, дастархони наврӯзӣ ороста шуд. Ҳамчунин барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон пешкаши ҳозирин гардида, ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хоса бахшид.
Чорабинии идона дар фазои ватандӯстӣ, ифтихор аз давлату миллат ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ баргузор гардида, рӯҳияи сарбозону афсаронро боз ҳам боло бурд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 25

Leave a Reply

Back to top button