Хабарҳои руз

Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Ҷамоати деҳоти Айнӣ

Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар деҳаи Томин, Ҷамоати деҳоти Айнӣ чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиши идона муовини Раиси ноҳияи Айнӣ Зебо Саидзода, раиси Ҷамоати деҳоти Айнӣ Фирдавс Бобоев ва сокинони ҷамоат фаъолона иштирок намуданд.
Муовини Раиси ноҳия Зебо Саидзода аз номи Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода сокинони ҷамоатро ба муносибати фарорасии иди Наврӯз самимона табрик намуда, зикр кард, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат, рамзи сулҳу ваҳдат, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ба ҳисоб рафта, мардумро ба корҳои созандагӣ, ободонӣ ва меҳнати софдилона ҳидоят менамояд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Ҳамчунин, муовини Раиси Ҷамоати деҳоти Айнӣ зикр намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ минбаъд низ баҳри беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, рушди инфрасохтор ва дастгирии ташаббусҳои созанда тадбирҳои мушаххас меандешад.
Дар идома барномаи фарҳангии ҷолиб бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия, инчунин Зиёвиддини Нурзод ва Шаҳзоди Даврон, зодагони деҳаи Томин пешкаши ҳозирин гардид, ки боиси болидахотирӣ ва шодмонии сокинон шуд.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ бозиҳои миллии наврӯзӣ, намоиши анъанаҳои мардумӣ, дастовардҳои ҳунармандон ва таомҳои миллӣ ба маъраз гузошта шуда, фазои идонаро боз ҳам рангин гардониданд.
Таҷлили чунин чорабиниҳо ҷиҳати таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи суннатҳои аҷдодӣ ва рушди фарҳанги миллӣ мусоидат менамояд.
и ещё 73

Leave a Reply

Back to top button